Андар шинохти Наврӯз
“Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст”. Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз яке аз бузургтарин идҳои миллии халқҳои тоҷику форс аст. Ин вожа аз ду реша иборат аст – “нав” (най, нав) нав ва “рӯз” (руч, руз) – рӯз, ки маънои Рӯзи навро дорад.
Саййиди муҳаққиқин, малик-ул-ҳукамо Умар ибни Иброҳим ал-Хайёми Нишопурӣ, яке аз муҳаққиқони давронии пешини Наврӯз дар асари машҳураш “Наврӯзнома” овардааст: “ Пас дар ин рўз, ки ёд кардем ҷашн сохт ва «Наврўз»-аш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардини нав шавад, он рўз ҷашн кунанд ва он рўзи нав донанд то он гоҳ ки давр бузург бошад, ки Наврўз ҳақиқат бувад”.
Наврӯз ин рӯзи баробаршавии шабу рӯз мувофиқи тақвими офтобӣ, ки аз ҷониби халқҳои эронӣ ҳафт ҳазор сол пеш аз пайдоиши ислом чун як ҷашнвора дар айёми зинда шудани дубораи табиат бунёд ниҳод шуд ва ҳамасола мардумон онро бо шодиву фараҳ таҷлил мекунанд.
Донишмандон Наврӯзро танҳо як ҷашнвораи фарҳангӣ намедоннад, балки он худ як падидаи ахтаршиносӣ низ мебошад. Илми таҳқиқ кардааст, ки Наврӯз ба эътидоли рӯзҳои баҳорӣ рост меояд ва ин ҳамон ҳолатест, ки болотар аз он ёд кардем, яъне баробар шудани рӯзу шаб. Ва ҳамасола он рӯзҳои 20 ё 21 март иттифоқ меуфтад. Ҳамон лаҳзаест, ки Офтоб вориди бурҷи Ҳамал мешавад ва аз он соли нави Офтобӣ ё Хуршедӣ оғоз мегардад. Ин аст, ки мо мегӯем: Наврӯзи навбаҳорон оғози соли нав дар тақвими солшумории Хуршедист.
Ба ҳамин маънӣ Хаёми бузур дар “Наврӯзнома”-е, ки ёд кардем, менавсад: “Аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўзу рубье аз шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед – он рўз – аввали мулуки Аҷам, ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рўз бомдод Офтоб ба аввали диқиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин оғоз кунанд…”
Барои мо Наврӯз ҳамоно як ҷашни пуршукӯҳи аввалбаҳорист. Тоҷикон ва чун ҳама ақвоми форсзабон замоне, ки пас аз сардиҳои зимистон табиат рӯ ба гармӣ меорад, олам қабои сабз ба бар мекунад, гулҳо дубора ба шукуфтан оғоз мекунанд, деҳқон ба умед дона ба замин мепошад, Наврӯзро бо ҳамон шаҳомати қаблӣ, балки беҳтару хубтар аз он ҷашн мегиранд.
Дар замоне, ки мо ҳаёт ба сар мебарем, асри XXI Наврӯз байналмилалӣи шуд, он аз доираи ҷашнвораи як қавму миллат берун раТ. Ҷашне, ки ниёгони бузурвори мо асос гузоштанд, имрӯз дар тақвими ҷашнҳои умумибашарӣ ворид гашт ва чун мероси ҳама ҷаҳониён мавриди эътироф қарор гирифт.
17 сол пеш аз ин (30-сентябри соли 2009) Наврӯз шомили Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият гашт.
16 сол пеш, яъне 23-уми феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.
Доираи нуфузи Наврӯз васеъ шуд ва ҳоло онро 15 кишвари олам расман ва бо тантана таҷлил мекуннад.
Бино ба расму русуми Наврӯз қабл аз вуруди он одамон аз гуноҳони гузаштаи худ тавба мекунанд, ҳамдигарро мебахшанд ва гӯё бо тани пок аз ҳар гуна гуноҳ Наврӯзро истиқбол мегиранд. Дар ин рӯзҳо фариштагони меҳрубон – фаришта ба онҳое, ки андешаҳои пок, рӯҳи равшан ва хонаи тоза доранд, фаровонӣ ва шукуфоӣ меоранд, зеро мардум бовар доштанд, ки муҳити тозаи атрофи ҳар як шахс равшании ҷаҳони ботинии ӯро инъикос мекунад. Маросими хонатаконӣ низ маҳз аз ҳамин аст.
Шустушӯи либосҳо, махсусан либосҳои кӯдакона ҳатмӣ буд, зеро кӯдакон бештар ба чашми бад дучор мешуданд ва об бояд ҳамаро пок мекард. Ҳатто пеш аз Ислом, як ҳафта пеш аз Наврӯз ба рӯҳи аҷдодон дуоҳо бахшида мешуд. Онҳоро ёд мекарданд, тӯҳфаҳо медоданд ва аз онҳо дар соли оянда, муҳофизат аз мушкилот, кӯмак мепурсиданд.
Лаҳзае, ки Наврӯз фаро мерасад, ҳама амалҳои маросимӣ ҳангоми ҷашни Соли нав бо ҷидду ҷаҳди махсус анҷом дода мешавад ва маънои махсуси худро дорад. Дар ин рӯзҳои Наврӯзӣ, мо тоҷикон бозиҳои гуногунро ташкил мекунем аз ҷумла гуштингирӣ, мусобиқаи аспдавонӣ, бузкашӣ, хурӯсҷанг, бедонаҷанг, сагҷанг ва дигар бозиҳое, ки аз гузаштангон чун мерос ба мо расидаанд.
Эҷодкорие, ки бо ҷашни Наврӯз алоқаманд аст, то ҳол дар Тоҷикистон кам нашудааст. Имрӯзҳо мардуми мо рамзҳо, тасвирҳои қадимиро ба ёд меоранд ва кӯшиш мекунанд, ки нишонаҳои фаромӯшшуда ё нопадидшудаи Наврӯзро аз нав эҳё кунанд. Духтарон барои ид либос медӯзанд ва тарҳи муосир ва анъанавии либосро муттаҳид мекунанд. Намоиши модели либосҳои нави миллӣ баргузор мекунанд ва ба тарзи дӯхти сарулибоси миллӣ барои бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.
Хулоса, Наврӯзи дилафрӯз аз замони пайдоиш то имрӯз фалсафаи идонаи худро пайваста бою рангин кардаву такмил додааст.
Наврӯз ба ҳамватанони гиромӣ муборак бод!
Абубакр Маннонзода,
сардори Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология.