Андарзи Низомии Ганҷавӣ. Дар боби сухан ва суханварон
Ёдгоре, к-аз одамизод аст,
Сухан аст, он дигар ҳама бод аст.
Бингар аз ҳар чӣ офарид Худой,
То аз ӯ ҷуз сухан чӣ монд ба ҷой?
*****
Сухане к-ӯ чу рӯҳ беайб аст,
Хозини ганҷхонаи ғайб аст.
*****
Қофиясанҷон, ки сухан баркашанд,
Ганҷи ду олам ба сухан даркашанд.
Хоса калиде, ки дари ганҷрост,
Зери забон марди сухансанҷрост.
Он, ки тарозуи сухан сахта кард,
Бахтваронро ба сухан бахта кард.
*****
Булбули аршанд суханпарварон,
Боз чӣ монанд ба он дигарон,
З-оташи фикрат чу парешон шаванд,
Бо малак аз ҷумлаи хешон шаванд.
*****
Ҷунбиши аввал, ки қадам баргирифт,
Ҳарфи нахустин зи сухан дар гирифт.
Бе сухан овозаи олам набуд,
Ин ҳама гуфтанду сухан кам набуд.
*****
Пардае розе, ки суханпарварист,
Сояе аз сояи пайғамбарист.
Пешу пасе бист сафи кибирё,
Пас шуаро омаду пеш анбиё.
*****
Дар луғати ишқ сухан ҷони мост,
Мо суханем, он талаб айвони мост.
Мо, ки назар бар сухан афкандаем,
Мурдаи ӯ симу бад ӯ- зиндаем.
*****
То нагӯйӣ суханварон мурданд.
Сар ба оби сухан фурӯ бурданд.
Чун барӣ номи ҳар киро хоҳӣ,
Сар барорад зи об чун моҳӣ!
*****
Ниҳон кай бошад аз ту ҷилвасозӣ,
Ки дар ҳар байт гӯяд бо ту розе.
Пас аз сад сол агар гӯйӣ: -Куҷо ӯ?
Зи ҳар байте нидо хезад, ки “ҳо” ӯ!
*****
К-он сухани мову зари хеш дошт,
Ҳар ду ба саррофи сухан пеш дошт,
К-аз сухани тозаву зарри куҳан
Ҳар ду чӣ беҳ? Гуфт:-Сухан беҳ, сухан!
*****
Шеър туро садрнишонӣ диҳад,
Салтанати мулки маъонӣ диҳад.
Шеър барорад ба амирет ном,
К-ашшуарои умаро алкалом.
*****
Сухан гуфтани бикр ҷон суфтан аст.
На ҳар кас сазои сухан гуфтан аст.
*****
Чӣ пиндорӣ, ай марди осонниюш,
Ки осон пур аз дур (р) тавон кард гӯш.
Гар анҷир хӯри мурғ будӣ фароҳ,
Намондӣ як анҷир бар ҳеҷ шох!
*****
Сухан гавҳар шуду гӯянда ғаввос,
Ба сахтӣ дар каф ояд гавҳари хос.
Зи гавҳар гуфтанд устодон ҳаросанд,
Ки қиматмандии гавҳар шиносанд.
*****
Садрнишинтар зи сухан нест кас,
Давлати ин мулк суханрост бас.
Ҳар чи на дил бехабар аст аз сухан,
Шарҳи сухан беҳтар аст аз сухан!
*****
Беҳ, ки сухан дерписанд оварӣ,
То сухан аз дасти баланд оварӣ,
Ҳар чи дар ин парда нишонат диҳанд,
Гар написандӣ, беҳ аз онат диҳанд.
*****
Сухан пӯлод кун чун сиккаи зар,
Бад-ин сикка дирамро сикка мебар,
Нахуст оҳангарӣ бо теғ бинмой,
Пас он гаҳ сайқалеро кор фармой.
*****
Бо он, ки сухан ба лутф об аст,
Кам гуфтани ҳар сухан савоб аст.
Об арчи ҳама зулол хезад,
Аз хӯрдани пур малол хезад.
МАНБАЪ: Низомии Ганҷавӣ. “Ҳазору як андарз”. Душанбе, 2007.
Таҳияи: Баргигул Наботова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.