Андешаҳо, хотираҳо…Аз сарнавишти 9 дафтари хотираи Пӯлод Толис кӣ хабар дорад?
Сухан аз андешаҳои нависандаи маъруф Пӯлод Толис меравад. Андешаҳои то ҷойе парешон, ки соли 1969 дар шумораи сеюми маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Дар сарсухан ба ин матлаб омадааст, ки Пӯлод Толис ғайр аз осори борҳо чопшудааш, боз навиштаҳое ҳам доштааст, ки аслан то кунун рӯи чоп надидаанд. Ҳикояҳои нотамом, порчаҳои манзуму мансур дар шакли дафтари хотира, ки бародари адиб Ӯктам Пӯлодов 9 дафтарро ба идораи маҷалла пешниҳод кардааст. То ҳамин иттилоъ касе аз вуҷуди ин дафтарҳо (албатта, ба ҷуз пайвандони нависанда) хабар надошт.
Тавре аз сарсухан бармеояд, Пӯлод Толис дар дил ҳаваси навиштани як асари тоза аз ҳаёти масчоҳиён дошт ва бо ҳамин мақсад борҳо ба ин диёр сафар кардаву дар ин дафтарҳо ёдномаҳо аз диду боздиду суҳбатҳояшро қайд кардааст. Аммо мутаассифона, умр ба адиби хушбаён имкон надод орзуяшро ҷомаи амал пӯшонад.
Ин нуҳ дафтари хотираҳои адиби номдор баъдан чоп шуд ё не, шахсан инҷониб иттилоъ надорад. Умедворем пажӯҳигарони осори Пӯлод Толис иттилои бештар доранд ва аз сарнавишти он дафотир ҳамагонро хабардор хоҳанд кард.
Намунае аз ин дафтари хотиротро аз “Садои Шарқ” барои хонандагони сомона интихоб кардем, ки умедворем баҳра мебардоранд.
Б.Шафеъ
АЗ ДАФТАРИ ДУЙЎМ
Дар асари бадеӣ ғайр аз матни холис бояд чизи дигаре набошад. Эпиграф, сарлавҳаву сарлавҳачаҳои иловагӣ, курсив, шарҳу тавзеҳоти зиёдатӣ, ба ақидаи ман, ҳайкалу муҷассамаҳоеанд, ки баъзан дар лаби боми хонаҳои даҳ-понздаҳ қабата гузошта мешаванд. Аз тамошои онҳо ҷонзоте баҳраманд намешавад, магарам парандагони ҳавову ситорагони само. Иморат қимат меафтаду бас.
Танҳо ҳамон чизро навиштан лозим аст, ки худ аз сар гузаронида бошӣ. Ман асарҳои таърихиро намегўям, албатта.
Сюжет ба қадри имкон шавқовар, пеҷ дар печ бояд бошад. Сюжете, ки аз ҳаёт гирифта шудааст, аксар ҳамин хел,- бикр, шавқангез мешавад.
Мушкил аст кори нависандагӣ; шабҳои бехобӣ, азоби «қитир- қитир» папироскашӣ. Беҳтар нест, ки аз баҳри ин кор гузарам? Чӣ мешавад?
Чӣ мешуд!
Рўзи адабиёт бе ман ҳам нағз мегузарад, аммо ман бе адабиёт рўз гузаронида метавониста бошам?
АЗ ДАФТАРИ ШАШЎМ
Танҳо ҳамон қаҳрамон аз китоб ба ҳаёт қадам мегузорад, ки аз ҳаёт ба китоб гузоштааст.
Ҳар мутахассис – хоҳ инженер ва хоҳ духтур ва хоҳ коргар – ба дигар шаҳру республика равад ҳам кор меёбад, аммо нависанда агар аз халқаш, аз диёраш дур шавад- тамом гўед.
Шояд сабаби беш аз ҳама дўст доштани шоир хокашро дар ҳамин бошад?
АЗ ДАФТАРИ ҲАФТЎМ
Бетанаффус навиштан- як чизро тамом кардаву нокарда чизи нав сар кардан бояд зарар дошта бошад (чунон ки дар ишқу ошиқӣ мешавад). Хоҳу нохоҳ оҳанги сухан, ҳатто деталҳо такрор меёбанд (масалан, ду чизи Икромӣ: «Тори анкабўт» ва «Духтари оташ» – ро муқоиса кунем). Умуман, як бор тамом хунук шуда, баъд боз таб кардан лозим- мӣ мегўям!
Гап дар миқдор не, дар сифат, охир!
Навиштан ҳар рўз,- чоп кардан гоҳ-гоҳ.
«БАЪЗЕ ҚАЙДҲОИ ЯК ҲИКОЯНАВИС»
Пеш аз сар кардани навиштани ҳикоя тўппиро як сў гузошта фикр кунем, ки «аз ҳикояи ман мардумро фоидае мерасад ё не?»
«Ҷаллодони Бухоро» нахустин маҷмўаи ҳикояҳост.
Барои ҳикояи хурд навишатан таҷрибаи калон, синну соли калон ҳатто лозим.
Умуман баъд аз навишта шудани ҳикоя як маротиба аз ҳамин нуқтаи назар дида баромадан лозим, ки куҷояш кўтоҳ кардан мумкин.
Забони асарам хушрў шавад гўед- шеър хонед.
Луғатхонӣ кайфи махсус дорад. Ақаллан калимаи намедонистагиамонро кор нафармоем.
Чаро қаҳрамонон аз рўи грамматика гап мезананд?
Ансорӣ ҳарчанд рўякӣ ҳам бошад, нишонаҳои замона, рўҳи замонаро, зоҳири ҷавононро хусусан (дар песаҳояш) дода метавонад. Ба қавли Шукўҳӣ, аз «Кӣ гунаҳкор?-у» «Тўй» барин чизҳои фач ҳазор бор беҳтар аст драмаҳояш.
ДАР МАСЧОҲ
Аз дафтари ҳафтўм
Дар Масчоҳ бедона бисёр будаасту мор. Бедонаро (мор) аз тузоқ (ҷела) гирифта мерафтааст.
Дар Масчоҳи нав соли аввал, ки пахта мебарояд, тракторчӣ «шоҳмот» карданӣ шуда, ниҳолҳои пахтаро «маҷақ» мекунад, ки ўро дошта мезананд. Котиби райком базўр мефаҳмонад, ки ин барои кор аст.
АЗ ДАФТАРИ ХАШТЎМ
15.6.61.
Ҳусейн Саидбоқиев. Ин бача дар назди идораи колхози Калинин пилмида мегашт. Бинам, ба рўи куртааш бо саёҳӣ ситораи қаҳрамон орденҳо ва чанд маротиба рақами “5”ро кашидааст.
26.6.61.
Хонаи котиби райком рафиқ Раззоқов дар аввал ҳам хонаи истиқоматӣ будаасту ҳам райком, ҳам комиҷроия, ҳам идора, ҳам ягона ҷои телефондор дар район. Ошхона ҳам дар паҳлўи ҳамин хона будааст.
Чойхоначӣ Сангинбойако аз ибтидои кор дар Масчоҳ будааст. Аз Овчиқалъача бед оварда шинондааст, “даҳ рўз болои ниҳолҳо чодари брезентӣ кашида, офтобба нишон надодам” – мегўяд. Ниҳолҳоро 4 маротиба аз нав шинонидааст. Қиссаи ҳавз ҳам ачоиб. 10 метр ҷуқурӣ доштааст. Як зимистон об нашавад, нисфи Янтоқ аз ҳамин ҳавз об гирифтааст. Токро аз ҳавлии худашон, аз Ленинобод оварда шинондааст.
Қазоқони Масчоҳ пахтаро “махта” талаффуз мекунанд. Аз онҳо 2 бригада будааст.
Соли аввал дар участкаи Калинин як хона сўхтааст. То аз Ленинобод мошини сўхторхомўшкунӣ меояд, ки мардум бо хок оташро хомўш кардаанд. Он вақтҳо об ҷудо танқис будааст, колхозчиҳо то дегу табақу пиёларо аз оби мошин пур карда гирифтаанд.
Дар Садвинхоз (совхози боғу ток) аз чуқурии 185 м бо “Андиҷонка” об баровардаанд. Таъми нарзан медиҳад. Ширгарм. 10 га заминро об мондааст.
Як роғӣ (Роғ яке аз деҳоти Масчоҳ аст) нисфи шаб барои қазои ҳоҷат берун баромадаасту баъд хонаҳо, ки аз рўи як реҷа сохта шудаанд, ба хонаи каси дигар даромадааст. Бинад, ки як зани бегона хоб кардааст.
- Хона ҳамон хонаи ману занам дигар шудааст!- гуфтааст роғӣ.
Дар ҳар участкаи район як дўкони китоб.
Пеш дар Масчоҳи нав гунҷишку мусича набудааст, баъд омадааст.
“Қадимтарин” китоби китобхона ин ҷо нашри соли 1957 аст.
Сартароши Масчоҳ ҳам мисли ҳамаи сартарошони музофотӣ ба як ришгирӣ ним соат овора мешавад.
АЗ ДАФТАРИ НЎҲЎМ
14.8.61
Пахта агар аз беобӣ нобуд шавад, “пахта сўхт” мегуфтаанд.
Ҳар бригада тахмин як гектарӣ харбузаву тарбуз коштааст, ки ҳосилашро фурўхта, озуқаворӣ мехаридаанд. Ба ҳамин тариқ, колхозчиён қариб то охири сол бепул хӯрок мекардаанд: ин хӯрок аз ҳисобу китоби солона ҳам дохил намешудааст. Яъне тамоман бепул.
Масчоҳиён “каланд”-ро “кедман” мегўянд.
Дар болои кўҳ чойхона мешудааст.
1.9.61
Конфренсияи якўм- дар клуби Қуруқсой, дуюм- дар мактаб, сеюм- дар клуб, чорум- дар хонаи маданият.” Худи ҳамин – як олам гап.
Манбаъ: Садои Шарқ соли 1969 №3
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.