Андешаи хос. Чаро таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ кам шудаст?
Китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Китоб ойинаест, ки инсон тамоми камбудҳои худро ислоҳ менамояд. Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва дар танҳоӣ мӯниси туст.
Аммо мутассифона, бо вуҷуди тавваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумат ва Пешвои миллат ба китобу китобхонӣ ҷавонон ба мутолиа камтар ҷалб мешаванд. Суоле ба миён меояд, ки иллати таваҷҷуҳ накардан ва кам хондани насли ҷавон дар чист? Чанд омил аст, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобу китобхонӣ кам шудаст.
Омили аввал ва асосӣ ба хонавода иртибот дорад. Пеш аз ҳама моро зарур аст, ки барои тарбияи дурусти кӯдак муҳити созгор созем ва шароит фароҳам оварем то таваҷҷуҳи кӯдак ба китоб бештар гардад. Барои ба мутолиа водор сохтани фарзанд пеш аз ҳама бояд худи падару модар китобхон бошанд, то намунаи ибрати фарзандон гарданд.
Дуюм интихоби нодурусти касб. Аксарияти ҷавонон дар интихоби касб душворӣ мекашанд. Вақте, ки онҳо ба касбашон шавқу ҳавас надоранд ва пас хатми донишкадаҳо илмашонро дар амал татбиқ карда наметавонанд, масъалаи китобхонӣ аз байн меравад.
Сеюм сатҳи тарғиби китоб дар ҷомеа хеле поин аст. Ташвиқи китобу китобхонаҳо бояд таъсиргузор бошад. Тарғиби китоб на танҳо дар китобхонаҳо, балки дар телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, дигар навъи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҷиддан ва бо ташкили барномаҳои диданиву шуниданӣ ва мутахассисона ба роҳ монда шавад. Тарғиби бештари китоб боиси таваҷҷуҳи зиёди хонандагон мегардад.
Чорум, таъсири шабакаҳои ҷаҳонии интернет ва телефонҳои мобилӣ мебошанд. Ҳарчанд телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қотилони вақтанд. Кас дар саргармӣ бо мурури шабакаҳо нафаҳмида мемонад, ки то куҷо вақти пурқиммати худро аз аз даст додааст. Ва боз агар кас саргарми бозиҳои беҳудаи саргармкунанда шавад, гузашти вақтро аслан дарк ҳам намекунад. Пас интернетро бояд ба манфиат истифода бурд. Хоса барои китобхонӣ ва гирифтани иттилои зарурӣ. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус шабакаи фейсбук рекламаи китобро ба роҳ мондан айни муддаост.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки китобҳое мисли “Фаришта дар дузах” ва “Шабе, ки моҳ арғувонӣ буд”-и навсиандаи забардаст Соҷидаи Мирзо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоса фейсбук бисёр хонанда пайдо кард ва ман аз он нафаронам, ки номи ин асарро тавассути шабакаи фейсбук хондам ва дар ҷустуҷуву мутолиаи он шудам. Аз ҳамин фейсбук бо нависандаи он журналисти мумтоз ва нависандаи акнун маъруф ошно шудам ва аз хоҳиш намудам дар дастрасии он кӯмакашонро дареғ надоранд. Аз бонуи Соҷида Мрзо барои мусоидат намудан бисёр миннатдорам.
Ин танҳо як мисол буд. Чунин мисолҳо дар ҷомеа кам нестанд. Шахсоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, чун китоберо муаррифӣ мекунанд, дарҳол истифодабарандагон мепурснад, ки ин китобро аз куҷо метавон дастрас намуд, нархи он чанд аст, муҳтавои китоб чист, адади нашр, соли нашр ё ҳар иттилои вобаста ба китобро донистан мехоҳанд. Ё менависанд, ки барои хондан он китобро ба орият бидиҳед. Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба маротиб бештар аз ҳар навъи ВАО дар ҷоме гардидааст имрӯзҳо. Яъне мардуми бештар аҳли интернетанд, исботи гуфтаҳои мо ба блогерон муроҷиат кардани рекламадиҳандагон аст.
Хуллас, қобилияти майнаи сари инсон беохир аст ва ягон компютер ба он баробар шуда наметавонад. Пас барои мутолиаву омӯзиши бомақсад китоб хондан зарур аст. Марк Твен гуфта буд шахсе, ки китоб намехонад аз касе, ки хонда наметавонад, заррае бартарӣ надорад.
Имрӯз вақте, ки мо вориди дуконҳои китобфурӯшӣ мешавем ин хазинаи пурганҷро бе харидор мебинем, ки ин боиси нигаронист ва моро бетараф намегузорад.
Барои омӯзиши ин мавзуъ андешаи нафарони гуногунро пурсидем. Гурӯҳе аз онҳо баҳонае пеш оварданд, ки гӯё баъзе аз хонандагон имконияти харидории китобро надоранд. Аммо ман ба ин тамоман розӣ шуда наметавонам.
Шумо имрӯз дидед донишҷӯеро, ки телефони мобилӣ надошта бошад? Ба як телефони мобилии 3-4 ҳазор сомонӣ зӯри донишҷӯ мерасаду барои хариди як китоб не? Ин баҳона шуда наметавонад. Чун имрӯз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар озмунҳои сатҳи ноҳиявиву ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Ин заминаи хубе фароҳам овард барои дастрасӣ пайдо кардан ба китоб. Яъне барои китобхонии марудм тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аммо имрӯз бархе аз ҷавонони мо худашонро фиреб дода, ба китобхонӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ё тамоман китоб намехонанд.
Олимон исбот намудаанд шахсе, ки мудати се моҳ китоб нахонад, 90% – и ҳуҷайраҳое, ки инсон барои хондан ниёз дорад, мемиранд. Пас инсон ба монанди чӯпоне мешавад, ки вай аз пушти рама равон аст. Аз ин лиҳоз чӣ қадаре, ки бештар омӯзему хонем ҳамон қадар бовару эътимод бештар пайдо мекунем ва чи қадаре, ки дониши мо баландтар шавад, ҳамон қадар имкониятҳо барои беҳтар кардани кори мо зиёд мешавад.
Китоб як устоди бузург, як дарёи беканор аст, ки тамоми умр моро интизор аст, танҳо аз мо хондан ва амал кардан. Мо агар хоҳем, тавасути китобхонӣ дунёро фатҳ менамоем.
Шайдулло Байдуллоев, мутахассиси шубаи илмӣ–методӣ ва таҳқиқотӣ.