Андешаи хос. Ҳидоят ба рушди маориф ва баланд бардоштани мақоми занон

Духтари ТочикМан мехоҳам бардошти худро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи «Дар бораи сатмҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр намоям. Паёми навбатӣ ҳам, пеш аз ҳама, ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ, санади муҳим ва сарнавиштсозест, ки дар он Сарвари давлат самтҳои стратегии рушди мамлакатро дар ояндаи наздик эълом медоранд. Ин Паёмро метавон таҳлили сисолаи таърихи давлатдории навинамон ва барномаи минбаъдаи густурда баҳри бунёдкориҳои ояндаи Ватан донист.

Қабл аз ҳама, боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар ҳар як Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Он  кас дар Паёми навини хеш боз таъкид намуданд, ки зан-модар мавҷуди муқаддас буда, нақши  ӯ дар тарбияи фарзандон ва эъмори ҷомеаи инсонпарвар бениҳоят бузург аст. Аз ин хотир, ба ҷо овардани иззату эҳтироми онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзӣ ва соҳиби касбу кор гардиданашон вазифаи ҷонии мо мебошад. Президенти мамлакат супориш доданд, ки: «…баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».

Дигар масъалае, ки Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ислоҳоти ҷиддии он дастур доданд, ин соҳаи маориф ва низоми таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот мебошад. Зикр гардид, ки таҳким ёфтани пояҳои давлатдорӣ маҳз ба сатҳи маърифату дониши аҳолии он робитаи зич дорад. Ин тақозо мекунад, ки дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, низоми таълим ба шакли нав ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба роҳ монда шавад.

Воқеан, дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф хеле назаррас мебошад. Дар Паёми навин ба маълумоти вакилон ва ҳамватанон расонд шуд, ки дар 31 соли Истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудаст. (Ҳол он ки дар 70 соли Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд). Ҳамзамон, 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат ва 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Роҳбари давлат инчунин тазаккур доданд, ки дар панҷ соли минбаъда бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот 1000 иншооти соҳаи маориф  сохта, ба истифода супорида шаванд.

Бахусус суханони хирадмандонаи Сарвари давлат «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» мо, маорифчиёнро хеле руҳбаланд намуда, баҳри ҳарчи беҳтар ва бо масъулият тарбия кардану таълим додани насли наврас ҳавасманд месозад. Пешвои муаззами миллат ҳар сол мушкилот ва дастовардҳои соҳаи маорифро бо факту далелҳо таҳлил менамоянд ва барои пешравии минбаъдаи он ба масъулини соҳа ва устодону педагогҳо дастуру супоришҳои судманд медиҳанд.

Дар самти рушди маориф ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд доир мегардад. Вазорати маориф ва илм ташаббусу таҷрибаҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ менамояд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд, ки ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Дар фароварди сухан мехоҳам зикр намоям, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёми сафобахш мебошад ва бардошти хешро аз он бо овардани як иқтибос хулоса менамоям: «…Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, бо ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо. Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздик бартараф месозем». Ин суханонро ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ҳамчун панд, ҳушдор, дастур ва супориши Роҳбари давлат бипазирад ва  зиндагию фаъолияти минбаъдаи худро дар ҳошияи он ба роҳ монад.

Мо, мудирону мураббиҳои  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ татбиқи дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси  Олии кишвар бармеояд,  сармашқи фаъолияти педагогии худ қарор медиҳем.

Бунафша ШАРИФОВА,  Бунафша-Шарифова
мудири МТТ №46,
ноҳияи Шоҳмансур
.