Анҷоми “Рӯзи дарҳои боз”, ки бо ҳузури ҳазорҳо нафар шефтагони фарҳангу адаб баргузор шуд
Дар идомаи тантанаҳои идона бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва “Рӯзи китоб” Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи фарҳангӣ давоми ду рӯз, рӯзҳои 4-5 уми сентябр иқдоми бошукӯҳи “Рӯзи дарҳои боз”-ро баргузор намуд, ки ҳазорҳо нафар меҳмон ширкат ва бо шароиту имконоти фароҳамовардашуда ошно гардиданд.
Барои пешвоз ва роҳнамоии меҳмонон дар дохилӣ бинои муассиса 40 нафар кормандони ҷавон барои роҳбаладӣ сафарбар гардида, аз рӯи хатсайри муайян меҳмононро бо толорҳои хониш, осорхонаҳои китобҳои нодир, осорхонаи замони Истиқлол, мусаввараи тасвирнамудаи Сабзалӣ Шарифзода -“Паноҳ”, ки яке аз ҷолибтарин бахши саёҳат маҳсуб меёбад ва аз шуъбаҳои адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, шуъбаи адабиёти бачагона, матбуоти даврӣ, адабиёти ҷаҳон, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ, китобҳои нодир, гӯшаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар хизматрасониҳо шинос намуданд.
Қабл аз шуруъи “Рӯзи дарҳои боз” чун анъана маросими ифтитоҳи он дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ бо ширкати садҳо нафар меҳмонон, рӯзноманигорон ва кормандони муассиса доир гардид. Дар қисмати дигари ҳамоиш барномаи фарҳангӣ, суолу ҷавоб, пахши сурудҳо ва мукофотонидани кормандони фаъол бо “Ифтихорнома” ва “Сипосномаҳо”-ҳои роҳбарияти муассиса ҷараён гирифт.
Дар рӯзи аввали “Дарҳои боз” зиёда аз 1000 нафар донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кормандони вазорату кумитаҳо, ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ ташриф оварда, дар китобистон саёҳат намуданд.
Рӯзи дуюм шумораи меҳмонон аз ду ҳазор ҳам гузашт, ки дидани ин манзара хеле хушоянд ва фараҳбахш аст. Вақте шефтагони илму адабу фарҳанг дар олами китоб сайр мекунанд. Донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи байналмилалии забоҳои хориҷии Тоҷикистон, курсантон аз литсеҳои ҳарбии назди вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагон аз коллеҷ ва мактабҳои шаҳри Ҳисор, Хадамоти гумрук, Вазорати корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, саноат, Агентии Тоҷикстандарт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хидмати давлатӣ, Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони мақомоти давлатӣ ташриф оварда, бо шароити муосир, имконоти техникӣ, фонд, осорхонаи китоб ва дигар хизматрасониҳо дар Китобхонаи миллӣ ошно гардиданд.
Дар маҷмӯъ тибқи омори расмӣ давоми ду рӯз ба Китобхонаи миллӣ зиёда аз 2500 нафар ташриф оварда, бештар аз 300 нафари онҳо аъзои Китобхонаи миллӣ ва соҳиби корти хонанда гардиданд, ки метавонанд, давоми 3 сол аз хидматрасониҳои ин даргоҳ ройгон истифода баранд.
Бояд зикр кард, ки Рӯзи китоб, ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бо ташаббуси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Ин рӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ба мақоми волои китоб, китобдорӣ ва маърифат дар рушди давлатдорӣ ва тарбияи маънавии миллат пазируфта шудааст.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.