Қаноатмандии доварон аз истеъдоди шеърхонии Самира Фазлиддинзода
Ширкаткунандаи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” Самира Фазлиддинзода, хонандаи синфи 2-и литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар дар номинатсияи адабиёти классикӣ ширкат намуда, тавре аз баромадаш ва суолу ҷавобаш бо ҳакамон пайдост, то тайёрии пухта омадааст.
Самира мегӯяд барои расидан ба даври ниҳоии озмун 101 ғазал,121 рубоӣ, 153 байт аз достону маснавиҳо, 101 байт қасида, 110 байт аз дигар навъҳои шеъриро аз худ кардааст ва ҳамаи инро дар листи омодагиҳои худ навиштаву ба доварон пешниҳод кардааст.
Самира соли дуввум аст дар озмун ширкат меварзад ва мегӯяд, ки озмун ба ман дарки баланди китобхонӣ ва ҷустуҷӯи донишро дод. Ширкати соли аввал гӯё бароям раҳнамо шуд, то тавонад имсол то даври ниҳоӣ роҳ ёбам. “Ман тавонистам камбудиҳои соли гузаштаро ислоҳ кунам ва бовар дорам омодагии имсолаам хеле беҳтар аз соли гузашта аст. Аз ҷумла доираи мутолиаи худро васеъ кардам, зиёдтар хондам ва шеър азбар намудам”,- гуфт ӯ
Самира бо ифтихор мегӯяд, ки барои омодагӣ дар Озмун бештар ба ман бибиям Шамсия Ғозиева, устодонам ва модарам кӯмак карда, шароити омодагии лозим барои ширкат дар озмунро фароҳам меоварданд. Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, аз онҳо сипосгузорӣ кунам.
“Мехоҳам ба ҳамсолонам тавсия диҳам, ки дар чунин озмунҳо ширкат варзида, донишу малакаи худро сайқал диҳанд”.
Доварон Самираро хеле хуб баҳогузорӣ кардаанд ва ба истеъдоди шеърхонии ӯ низ баҳои баланд доданд.
Мо ба Самира ва дигар иштирокдорон комёбӣ хоҳонем ва умедворем сазовори ҷойҳои намоён гарданд.
ГАНҶИНА Ҷолаева,
мутахасиси бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.