Анонс. Ҳамоиши “Абӯали ибни Сино – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва мутафаккири ҷаҳонӣ”

1-уми августи соли 2025 дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ- маърифатӣ таҳти унвони “Абӯали ибни Сино – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва мутафаккири ҷаҳонӣ ” баргузор мегардад.
Ҳамоиши илмӣ ба 1045-солагии бузургдошти нобиғаи олами илми башарӣ бахшида мешавад.
Дар ҳамоиш иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, собиқадорони соҳаи тиб, донишмандон, адибон, табибони ҷавони кишвар – пайравони пури Синои бузург ва намояндагони васоити ахбори омма дар назар дошта шудааст.
Замони баргузорӣ:1-августи соли 2025.
Соат: 10:00.
Макон: Китобхонаи миллӣ.
Вуруд озод