АНОНС. Ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Рӯзи Парчами давлатӣМуассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ»и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ  ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ зери унвони «Парчами миллӣ нишони давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ” баргузор менамоянд.

Иштирок ва суханронии намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлати Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши мазкур дар назар дошта шудааст.

Марҳамат намоед ва аз таърихи пайдоиш ва рамзу мақоми ин муқаддасот барои худ маълумотҳои ҷолиб дастрас кунед.

Дар  қисмати ҷамъбастии ҳамоиш суолу ҷавоб миёни иштирокдорон ва меҳмонон низ дар назар гирифта шудааст.

Масъул: шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ

Рӯзи баргузорӣ: 25-юми ноябри соли 2025,
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи сеюм)
Вуруд озод.