Анонс! Имконияти басо хуб барои дӯстдорони китоб!

Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои боз баргузор мегардад!

Имконияти хубро аз даст надиҳед, зеро роҳбаладон шуморо бо осорхонаи китобҳои нодир ва осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”, толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда шинос намуда, ба кулли суолҳоятон посух медиҳанд.

Дар зимн, бахшида ба ин рӯз Муассисаи давлатии «Китобхонаи ммиллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  китобдорони собиқадори муассисаро ба Китобхона даъват менамояд.

Марҳабо ба боргоҳи илму хирад!

Оғоз: Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми сентябр, соати 09:00
Макон: Китобхонаи миллӣ.
Вуруд: Озод

Ташрифи шумо боиси хушҳолии мост!