АНОНС. “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад”
17 уми октябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии нобиноён шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ омода кардааст.Маҳфил чунин унвон гирифтаст: “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад”.
Дар нишаст иштироки роҳбарияти Китобхона, шахсони хайрхоҳ ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар назар аст.
Ҳамчунин барномаи хуби фароғатӣ аз тарафи ҳунармандон пешбинӣ шудааст.
Рӯзи баргузорӣ: 17-уми октябри соли 2025
Замони баргузорӣ: соати 14:00
Макони баргузорӣ: Толори фарҳангии Китобхонаи миллӣ. Ошёнаи 9-ум.
Вуруд озод.