АНОНС.Конфронси илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик

Конфронси илмӣМуассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба

Рўзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-маърифатӣ баргузор мекунад.

Дар кори конфронс иштирок ва суханронии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, муҳаққиқон ва пажуҳишгарони матбуот ва журналистони саршинос дар назар аст.

Рӯзи баргузорӣ: 3 -юми марти соли 2026
Замон: соати 10:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи сеюм)
Вуруд: ОЗОД