АНОНС. Мизи гирд бахшида ба ҷашни САДА
29-уми январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз” бо иштироки адиб, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари шинохта Ҷонибек Асрориён ва муҳаққиқон мизи гирд баргузор мегардад.
Масъули ин ҷаласа шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ буда, дар ҳошияи он китоби фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён “Сада” рӯнамоӣ мегардад.
Қарор аст дар он вобаста ба мавзӯъ муҳаққиқону намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, роҳбарияти «Китобхонаи миллӣ» ширкату суханрониҳо кунанд.
Хоҳишмандон метавонанд аз муаллифи китоби “Сада” ба суолҳои худ ҷавоб гиранд.
Рӯзи баргузорӣ: 29-уми январи соли 2026
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод.