АНОНС: Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мизи гирд баргузор мегардад.
Ин нишаст бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ ва рӯзномаи “Народная газета” роҳандозӣ мешавад.
Ҳамзамон, дар мизи гирд рӯнамоии ду дастури библиографӣ: “КОРНАМОИҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” (1992-2024) ва “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои “НАРОДНАЯ ГАЗЕТА”, ҷилди 2 (1997-2000) ва китоби сеюми навчопшудаи “Народная газета” о Народном Президенте” дар ду ҷилд пешбинӣ шудааст.
Дар мизи гирд меҳмонон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор намояндагони вазорату идораҳо иштирок хоҳанд намуд.
Рӯзи баргузорӣ: 13-уми ноябр
Соати баргузорӣ: 10:00
Вуруд озод