АНОНС. Мизи гирд: Нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо. Вазъият ва дурнамои рушди фонди Китобхонаи миллӣ
«Нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо. Вазъият ва дурнамои рушди фонди Китобхонаи миллӣ». Бо ҳамин унвон шуъбаҳои мукаммалгардонии фонд ва илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи 27-уми августи соли равон мизи гирд баргузор мекунанд.
Дар ҳамоиш иштироки мутахассисони соҳа, роҳбарони корхонаҳои табъу нашри шаҳри Душанбе, рўзноманигорон ва кормандони Китобхонаи миллӣ дар назар аст.
Рӯзи баргузорӣ: 27.08.2025
Соати баргузорӣ: 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ (ошёнаи 3)
Вуруд озод.