Анонс: Мизи гирд таҳти унвони «Дастурҳои библиографӣ дар давраи истиқлол: вазъ ва тамоюли рушд».
27-уми сентябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бо номи «Дастурҳои библиографӣ дар давраи истиқлол: вазъ ва тамоюли рушд» баргузор мешавад.
Қарор аст дар он директорони Хонаи Китоби Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии АМИТ, Китобхонаи давлатии патентию –техникии ҶТ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Китбхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар ва кормандони Китохонаи миллӣ ширкат ва суханронӣ намоянд.
Рӯзи баргузорӣ: 27-уми сентябри соли 2024
Замон: соати 14:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод.