Анонс: Рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”
8-уми майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 88-умин солгарди Артисти халқии СССР, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, актёри театр ва кино, коргардони теарт, нависанда Ҳошим Гадо маросими рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” баргузор мешавад
Дар ҳамоиш роҳбарони Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Ташкилоти ҷамъиятии “Арбобони санъати Тоҷикистон”, ҳунармандони театр ва кинои тоҷик, муҳаққиқон ширкат хоҳанд кард.
Рӯзи баргузорӣ: 8-уми майи соли 2025
Замон: соати 10:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод.