Анонс. Рӯнамоии китоби “Салом эй ишқ”-и Садриддин Ҳасанзод дар Китобхонаи миллӣ
29-уми сентябр шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, рӯнамоии китоби тозанашри Садриддин Ҳасанзод “Салом эй ишқ” -ро баргузор менамояд.
Дар ин нишаст иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, шоир Садриддин Ҳасанзод, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар адибону алоқамандони шеър дар назар дошта шудааст.
Таърихи баргузорӣ: 29-уми сентябри соли 2025
Соати баргузорӣ: 14:00.
Макон: Китобхонаи миллӣ.(ошёнаи 9)
Вуруд озод.