АНОНС!  “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва мутолеони хушзавқ мерасонад, ки рӯзҳои 30 ва 31-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Наврӯзи”-и байналмилалӣ “Рўзи дарҳои боз” баргузор мегардад.

Зимнан, маълум менамоем, ки дар ҳошияи ҳамоишу нишастҳо ва маҳфилҳои банақшагирифтаи Китобхонаи миллӣ, фурӯши китобҳои нашриёти “Адиб”, намоиш ва фурӯши сим-кортҳои ширкатҳои мобилии “Вавилон-М”, “Тиссел”, “Мегафон-Т” ва “О-Мобайл”, намоиш ва фурӯши маҳсулоти маҳаллӣ (қаннодӣ) ва дигар маҳофили шавқовар гузаронида мешавад.

ДАРҲОИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ҲАМША БА РӮИ ШУМО, АЗИЗОН, БОЗАНД!

МАРҲАМАТ НАМОЕД!