“Артиш сипари боэътимоди давлат ва миллат” –мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ

АртишДар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиш интернатсионалистони собиқадор, олимону муҳаққиқон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Атозода Муҳаммадиқбол муовини директори Китобхонаи миллӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз шукуҳу шаҳомати иди Артиши миллӣ ва нақши он дар пешрафту давлату миллат суханрони намуд. Аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ватанро содиқонаву софдилона дӯст доранд ва даст ба дасти ҳамдигар адои хизмат намоянд.

Сипас, Шавкат Муҳаммадиев корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷанговари интернатсионалист (солҳои 1986-1988) барандаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф, барандаи шоҳҷоизаи байналмилаллии кинофестивали Осиёи Маркази ва Африқо суханрони намуд. Қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикитсонқарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Ватанро бояд дар якҷоягӣ обод кунем. Аз рӯзе ки мо ин Артишро таъсис додем ва барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон аз як гиребон сар баровардем, тоимрӯз  бо ифтихор гуфта метавонем, ҳеҷ нохалаф ба марзи мо нигоҳи шуме карда наметавонад. Мутаҳҳид будани мо дар атрофи сарфармондеҳи Қувваҳои муссалаҳамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳи ояндаи Тоҷикистонро равшан ва ҳар зарра хоки онро бо ифтихор ҳифозат кардан аст.

Дар идома, Элдар Қудратов аз иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизмати “сарбозони рус” ки зери ин ибора сарбозони тамоми мамолики Иттиҳоди Шуравӣ мутаҳҳид шуда буданд, андешаронӣ кард.

Ҳамчунин, ҷанговари интернатсионалист муҳандиси маркази техникии телевизиони Тоҷикистон Абдураҳмон Азизов баромад намуда, ҳозиринро ба таъсисёбии 32 – юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 –умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан шодбош гуфт.

Дар интиҳои ҳамоиш  ба эҳтиром аз муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Ҳамчунин шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ ба ифтихори ин ҷашни бузугр дар роҳрави муассиса намоиши китобӣ ташкил намуданд. Дар қисмати намоиши мусаввараҳо дар иртибот ба рӯзи Артиши миллӣ ва 80 –солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки  иштирокорон баъд аз ҷамъбасти ҳамоиш  аз ин гӯшаи намоишӣ дидан, намуданд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа