Асарҳои Пешвои миллат ва роҳи худшиносиву худогоҳии ҷавонон. Бардошт аз суҳбат бо як ғолиби озмун
Соли дуюми баргузории Озмуни Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз бештар гашта истодааст. Ҳадаф аз озмун омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушду такомули тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ заминаи устувор мегузорад.
Қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ мо бо яке аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, ки сазовори ҷойи аввал гаштааст, сӯҳбат намудем. Шаҳбоз Неъматзода-донишҷӯи соли чоруми факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ғолиби озмун бо истифода аз фурсати муносиб аз устодону баргузоркунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, бо камоли майл ҳамсӯҳбати мо шуд. Зимни мусоҳиба Шаҳбоз Неъматзода иброз дошт, “ман, ки ҳамеша ба таъриху таърихнигорӣ шавқу рағбати зиёд доштам, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти умумии миёна таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ маҳз дар риштаи таърих идома додам. Бояд гуфт, ки барои сайқал додани илму дониши худ тасмим гирифтам асарҳои Пешвои муҳтарами миллатамонро, ки бевосита ба таърихи халқи тоҷик марбутанд, мутолиа намоям ва чунин ҳам кардам.”
Неъматзода соли дуввум аст, ки дар озмун ширкат меварзад. Номбурда мегӯяд, ки ҳарчанд соли гузагшта дар озмун ғолиб наёмад, рӯҳафтода нашуд. Дар пеши худ ҳадаф гузошт, ки боз ҳам зиёдтар хонда, дониши худро пухта намояд ва дар озмуни минбаъда сазовори ҷойи намоён гардад. Хушбахтона, чунин ҳам шуд. Шаҳбоз дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соҳиби ҷойи аввал гашт.
Шаҳбоз Неъматзода мегӯяд, ки ӯ бо хондани асарҳои Пешвои муаззами миллат ба бисёр нуқтаҳои барои худ ноаён равшанӣ андохта, ба мутолиаи асарҳои Президенти кишвар боз ҳам бештар майл кард. “Мо аз ифтихор мекунем, ки Пешвои муаззами миллат рӯ ба таърих овардаву бештари асарҳои таълифкардаашон бо ин васила баҳри худшиносиву худогоҳии ҷавонон равона гардидааст.”
Шаҳбоз Неъматзода тули омодагӣ ба иштирок дар озмун беш аз 30 адад асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 40 асари муаллифони дигарро, ки дар бораи корнамоӣ ва фаъолияти Президенти кишварамон таълиф шудаанд, мутолиа намудааст. Дар ин маврид ӯ иброз дошт, ки “дар мутолиа ва дастрас намудани адабиёти лозима Китобхонаи миллӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба мо мусоидат намудаву шароит фароҳам оварданд, ки аз ин бениҳоят сипосгузорем”. Ҳамчунин Шаҳбоз қайд кард, ки бо мутолиаи асарҳои Пешвои муаззами миллат шахс ба ҷаҳони наве дар боз мекунад, ки ин боиси васеъ гаштани доираи донишу ҷаҳонбиниаш мегардад. Бахусус ҳини мутолиаи “Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ дар қалб бедор мешавад. “Чеҳраҳои мондагор” аз аввалин асарҳои мутолианамудаи Шаҳбоз Неъматзода буда, “Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён” асарест, ки қаҳрамони мо онро гаштаву баргашта мутолиа намудааст. Ин асар, ки қадам ба қадам аз як сулола то сулолаи дигар гузаштани ҳокимият раванди ташаккул ва инкишофи моддиву маънавӣ ва ҳамзамон боло рафтани худшиносии таърихиву фарҳангии халқи тоҷикро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст,- мегӯяд Шаҳбоз Неъматзода, – таваҷҷуҳ ва завқи маро ба омӯзиши таърихи халқу диёрам бештар кард.
Дар фароварди суҳбат ғолиби озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” Шаҳбоз Неъматзода иброз дошт, ки ҳарчанд рақобат дар ин сабқат хеле муракаб буд, вале солиму шаффоф буд. Ба ақидаи ғолиби озмуни мазкур суолҳои ҳакамон, ки муҳаққиқони варзида ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар буданд, хеле дақиқ ва ҳадафрас буданд ва руҳияи психологии довталабонро баланд мебардоштанд. Номбурда ҳамчунин ба ҷавонону ҳамсолони худ мутолиаи китоб ва ширкат дар озмунҳои гунонгуни ҷумҳуриявиро тавсия дода, илова намуд, ки тавассути чунин озмунҳо меҳру муҳаббат ва хештаншиносиву ватандустии мо нисбат ба забону таърихи халқи худ зиёд мегардад, ҳамчуноне ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “…танҳо миллате ифтихори миллӣ дошта метавонад, ки худшиносу худогоҳ бошад”.
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа