Асбҳо ва тоҷикҳо

Аз гуфтори сухангуёни телевизион пай бурда мешавад, ки эшон мехоҳанд аз таърихи асбпарварӣ ва пайвастагии мардуми мо бо ин ҷонвари дар дарозои ҳазорсолаҳо инсонро ҳамроҳӣ кардаву душвориҳояшро бардўшгирифта гуфтори ҷолибе дошта бошанд, вале бинобар даст надоштан ба сарчашмаҳои таърихӣ, аз байнашон нотавониҳову костиҳои зеҳнӣ ба чашм мехўрад. Бар ҳадафи ёрӣ  расондан ба бародарону хоҳарони қаламбадасту микрофонбалаб ин ҷустори хурди хешро пешниҳод мекунем. (Вале Худо донад, ки он карашмабозони пушти пардаи “қутти ҷодуии фарангӣ” (ибораи Маҳди Ахавони Солис) дидаҳои пурнози худро ба навиштори рўзномаҳо ранҷе дода, чизеро биомўзанд).

Шак нест, ки мавзўъ асбҳои “Шоҳнома” ва умуман асб дар зиндагии мардумон мавриди нигариш донишиён, ба вижа донишпажўҳони Эрон қарор гирифтааст. Донишманди барҷастаи мо. Юсуфшоҳ Яқубов ба таври иҷмол дар таълифоташон аз зотҳои асбҳои тоҷикӣ ёдовар шуда, ба нобудшавии онҳо бо дарду ҳасрат ишора кардаанд. Мо ба қароре омадем, ки дар навиштори пеши дидори хонандагон буда аз пайвастагии тоҷиктаборон ба асб, суханронии гузарое дошта бошем ва боястӣ гуфт ин мавзуъ арзиши нигариши жарфу густурдатареро дорад.

Бо воковии навиштаҳои гузаштагони бостон, аз ҷумла “Гота”-ҳои “Авасто” ба дурустӣ метавонем дарёбем, ки ниёкони мо нахустин одамони комёфта дар ром кадани асбҳо буданд. Агар нигоҳе бар номҳои эронитаборони бостон барафканем, дармеёбем, ки онҳо саросар ба асб бастагӣ доранд ва шуғлу дороиву муносиботи бисёре аз инсонҳои орёиро аз номҳояшон метавон дарёфт. Мисли Зарасб (номи писари Манучеҳр)-дорандаи асби заррин, Гаршосби Сомон-фарбеҳкунандаи асби низор (лоғар), Беварасб-дорандаи ҳазор асб, Луҳросб, Гуштосб-парварандаи асб, Сиёвуш-дорандаи асби сиёҳ, Ҷомосб-дорандаи асби асил, Бонугушабс-духтари Рустам, зани Гев ва модари Бежан. Пурушасб (номи падари Зартушт)-дорандаи асби хокистарӣ, Патирагтарасб-номи бобои Зартушт ва ғайра. Мардуми зодгоҳи Зартушт на танҳо номҳои одамонро дар бастагӣ бо асб унвон мекарданд, балки номи ҷойгоҳи номгузориашонро бо асб таркиб медоданд. Ба монанди оташкадаи Озаргушасб, ки дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ чунин ёд шудааст:

Мануҷеҳрро буд ду пури гузин,

Далеру хирадманду бо фарру дин.

Яке ном Нузар, дигар чун Зарасб,

Ба майдон ба монанди Озаргушасб.

Маънии номи оташкадаи Озаргушасб, асби нари чун оташ мебошад. Воқеан, дар боварҳои динии фаротаърихии тоҷикон асб аз ҷойгоҳи вижае бахўрдор буд. Чунончи дар “Авасто” омадааст, ки эзади Баҳром савори асби сафед аст. Дар бондҳои 11 то 13-уми “Обояшт” эзадони баландпояи меҳпарастӣ, Меҳр (Митро) ва Суруш, савори аробаҳои чорасба бозтоб шудаанд, ки он ишора ба чаҳор унсури сиришти дунё мебошад: Об, Бод, Хок, Раъд. Ба чунин тавсифе низ дучор меоем, ки аз барои Меҳр Аҳурамаздо аробае бо чаҳор асб, ба нишонаҳои боду борону абру раъд сохт.

Китобхондаҳо огоҳанд, ки ниёкони мо пеш аз боварҳои зартуштӣ, бар кеши меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ) гаройиш доштанд ва бахши чашмгири фарҳанги бостони мо бо он боварҳои бостонӣ пайванди ногустанӣ дорад. Инҷониб дар навиштаҳои худ борҳо ишора доштам, ки Ҷамшед номи дигари Меҳр (Офтоб) аст: шаби Ялдо шаби таваллуди Офтоб аст: ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон ва Сада ҷашнҳои Офтоб мебошанд: нақшҳои Чакан нақши таровиши офтоб аст: маънии номи асби Рустами Достон-Рахш номи дигари Офтоб аст. Дар маънии номи Рахш нигоҳи донишпажўҳони “Шоҳнома” гуногун аст. Бархе чун шоҳномашиноси Олмон, Теодор Нёлдеке, бар он низаранд, ки номи Рахш бо вожаи порсии “рахшидан”, яъне тобиш, пайванде надошта, маънӣ бар ранги қаҳваӣ, ё сурх дорад ва барои исботи андешаи худ мисраъҳои зерини Ҳаким Фирдасӣ меоварад:

Танаш  пурнигор аз карон то карон,

       Чу доғи гули сурх бар заъфарон.

       Хаме Рахш хонему бўр абраш аст,

       Ба ранг оташеву ба хӯй оташ аст.

Аммо ба назари мо мисраи охири ин порчаи ёдшуда аз “Шоҳнома”, яъне “Ба ранг оташеву ба хўй оташ аст”, худ баёнгари андешаест, ки Рахш номи дигари Хуршед аст ва Рахш ба ойини меҳрӣ рабт дорад. Ва байти зерини дигар маҳз аз “рахшидан” баргирифта шудани номи асби Рустамро ба равшанӣ таъйид мекунад:

Сўйи Рахши рахшон биёмад дамон,

       Чу оташ биҷўшад Рахш он замон.

Рахш ягона ҷонварест, ки пайкари кўҳмонанди Рустамро мебардорад ва дар дафоъи сарзамини аҳуроии Эрони Бузург ҳампайкораш мебошад ва дар ҷоҳи Шағоли маккор бо ў нафасҳои вопасин мекашад.  Рустам бо Рахш чун бо дўсти наздик сухан мегўяд ва гўё ки  асб ба гуфтаҳои ҷаҳонпаҳлавон дармаравад. Дарвоқеъ, Рахш дўсти вафодоре буд, ки Рустамро ба ҳангоми истироҳат низ нигоҳбонӣ  мекард. Ончуноне ки боре шери жаёнро, ки мехост ба  сипаҳбади дар хоб буда дарафтад, бо ду сум бар  сараш зада мекушад.

Шоҳону диловарсарони кишвари Фирдавсӣ асбҳои худро бадон сон гиромӣ медоштанд, ки онҳоро ба ногмҳои хоси инсонҳо унвон мекарданд. Чунончи, асби Настур-писари Зарир, Беҳзод ном дошт. Ба ҳангоми даргузашти шаҳсаворон маросимҳои сўгворе анҷом медоданд, ки хеле таъсирбахшу ҳузнангез буданд. Чунончи, Рустам пас аз кушта шудану шинохти Суҳроб “Бо дандон зи бозўи худ гўшт меканд” ва сари асби Суҳробро гирифт, “Гаҳе бӯса бар сараш, гаҳе ба рӯи асб мезад”. Теғи Суҳробро баркашида: “Фашу думи асбашро бурид”. Чунин расми азо низ будааст, ки аз пушти тобути радону сипаҳсолорон, асб соҳибашро то гўристон гусел мекардааст. Мебоист ёдовар шуд, ки асбҳои шоҳону сипаҳбадони “Шоҳнома”, чун парчами ҳар кадоме бо вижагиҳое, аз ҳам тафовут доштанд: Асби Рустам-Рахш бо ранги қаҳваӣ, Фарибўрз-гулранг, Гударз-сурхранг, ёгулгун, Кайхусрав – шабранг, Бежан-бўри кашвод ва гоҳе шабранг, Фарҳод-шабоҳанг, Хусрави Парвиз ва Ширин-шабдез (сиёҳи мушкӣ) ва ҳамчунон озодагони дигар савори асбони сафед, сиёҳ, бўр, абраш буданд:

 Аз он  абрашу бўру хингу сиёҳ,

       Ки дидааст ҳаргиз зи оҳан  сипоҳ.

Набояд аз дида дур дошт, ки дар забони порсӣ- тоҷикӣ рангҳо ончунон ба вижагии асбҳо пайвастагӣ доштанд, ки гоҳе маънии луғавии худро бохта, сифати асб шудаанд. Ба монанди “хинг”, “шабдез”, “шабранг”. Аслан дар забони форсӣ – тоҷикии миёна ранги сафеди равшанро “хинг” мегуфтанд ва ҳоло низ дар гўйиши мардуми Вахиё, Ванҷ, Дарвоз ва қисмати зиёди музофоти ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон ранги сафеди равшан ва ё камрангиро “хинг” мегўянд. Аммо ин вожа, чуноне дар боло ёд шуд, маънии луғавиашро тағйир карда, ба маънии асб кор бурда  мешуд. Ба соне ки дар қасидаи машҳури рўдакӣ омадааст:

Оби омў бо ҳама паҳноварӣ,

       Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Ё худ дар ин байт Ҳаким Фирдавсӣ бо таркиби “хинги сиёҳ” асби сиёҳро дар назар доштааст:

Ба кирдори гулгуни Гударз мўй,

       Чу хинги шабоҳанги Фарҳод рўй.

Мебояд ёдовар шуд,ки рўди Хинговро, ки сарчашма дар Вахиё дорад, маънӣ оби сафед аст.

Лозим ба зикр аст, ки пас аз чира гаштани турку муғулу ўзбекон ба сарзамини ориёиҳо ном, ранг ва зоту афзори асбҳо шакли туркӣ гирифтанд. Монанди сифату ранги асбҳо: “қизил”, “турук”, “черон”, “қашқа”, “айғур”, “айғоқ”; афзору васили асбпарварӣ: “айил”, “ҷаълуқ”. “қош”, “ қарҷоғу”, “қанҷуға”, “қайза”, “қайиш”, “қамчин”, “тароқӣ”, “ қура”, “ қара”, “торқу” ,”шутурма кардан”, “Корт кардан”, “йурға кардан”, “ёшов” ва  монанди он ҷойи чунин вожаҳои форсӣ- тоҷикиро гирифтаанд: “чарма” (асби сафед), “таковар” (тезрафтор), “фитрок”, “баргустувон” (зиреҳи асб), “оҳанранг”, “оҳанхой” (асби саршахи пурзўр), “абраш” (сурху сафед), “арғун” (асби тунду тез), “адрама” (намадин), “асбангез” (маҳмез), “аспил” (асбдузди касбӣ), “асбист” (йунучқа, рушқа) ва ғайра. Ҷолиб аст, ки вожаи “савор” низ ба асб пайвастагӣ дорад. Ин вожа аз порсӣ- тоҷикии бостон- asadara, ба маънии асббар, ё овардани асб омадааст.

Он чи шояндаи ёдкард аст, ин мебошад, ки эронинажодони бостон, бар хилофи турктаборон, асбро барои хўрдани гўшташ намекуштанд ва бахши зиёде аз он мардум хўрдани гўшти асбро кароҳатбор медонистанд. Ин расми ориёинажодон то ҳанўз дар миёни  мардуми Бадахшон нигаҳ шудааст. Чунин вижагие арзиши нигариш дорад, ки варзиши эронитаборон бостон, ки хоси  шоҳону сипаҳбадон буда, бо номи  “чавгонбозӣ” дар осори адибону суратгарони бостон фаровон бозтоб шудааст ва дар Аврупои садаҳои XVII-XVIII, ба вижа дар Бритониёи Кабир (бо номи Поло) варзиши ашрофзодагон ба шумор меравад, то ҳанўз дар Бадахшон фаромўш нагардидааст. Аммо бозии дигари пайваста ба асб, “бузкашӣ” баргирифта аз саҳронишинони турктабор мебошад, ки дар ҳангоми талош ба хотири ба даст овардани ҷасади буз, ё гўсола ба асб ситами зиёд раво дида  мешавад. (Вожаҳои дар боло овардан пайваста ба ин бозӣ, мисли “қара”-ҷойгоҳи  партоби ҷасади буз, “солум”- ҷойиза, “кўштайипо” ва ғайра ғолибан аз туркӣ вом гирифта шудаанд. Ва дар Эрон бозии бузкашӣ танҳо дар миёни  туркмонон роиҷ аст).

Шояд пурсише ба миён оварда шавад, ки тасвиру тандисҳои суратгарону пайкартарошони ишора бар асбҳои болдор дошта, баргирифтаи фарҳанги кадом мардуму чӣ кишваре аст. Ҷойи шак нест, ки тасвири асби болдор баргирифа аз устураҳои Юнони Бостон, ба унвони “Пегас” мебошад. Дар баробари якчанд устураҳои пайваста  ба асби болдор, юнониҳо “Пегас”-ро рамзи илҳоми шоирон гуморидаанд. Дар забони русӣ таркиби “оседлать Пегаса” (зин кардани асби Пегас) роиҷ аст, ки он ба ҳунари шоирӣ чира будани шахсеро бозгў мекунад. Ва бархе аз гўяндагони тоҷикӣ, ки гаҳе мегўянд “асби илҳомро зин кард”, ё ”ба асби илҳом савор шуд” баргардони ҳамон гўйиши русист.

Дар мавриди зотҳои тоҷикии асбҳо, мисли “асби хатлӣ”, ки бар  асари чирамандии турку муғулу ўзбек ба сарзамини Хуталон, аз байн рафта ба зотҳои лақайӣ ва ахалтегинӣ табдил шудаанд, дар маҷоли дигар сухан хоҳем кард. Дар поён ишорае мебояд дошт, ки дар  аксари  таълифоти гузаштагон, агар гуфтор пиромуни Хуталон (Хатлон), ё васфи вижагии асбҳои шоҳону диловарони эронтабор бошад (аз ҷумла дар “Шаҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, “Хамса”-и Низомӣ), ҳатман аз хушзотии “асбҳои хатлӣ” ба таъкид ёд мешавад.

Аз китоби Зафар Мирзоён “Офаридгори сухан”, Душанбе, 2018.

Ин китоби хуби хонданиро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ
Ойҷонгул   Давронова.