Асососгузори мактаби давлатдории миллӣ

Эмомалӣ РаҳмонЭмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат аст. Инро тамоми мардуми Тоҷикистон эътироф мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” танҳо эътирофи ҳуқуқии ҳамин масъала аст. Ин қонун расмият бахшидани ормонҳо ва эҳтироми воқеиву мондагори миллати мо ба Пешвои худ аст.

Далели бисёр возеҳу равшани Пешвои воқеӣ ва мардумӣ будани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати заковату хирад ва ҷоннисориҳои ӯ ягонагии давлат ва халқ ба вуҷуд омадааст. Ӯ чун меҳварест, ки ин ду қутбро ба ҳам овардаву пайваст кардааст.

Дар таърихи башар ва дар сиёсати ҷаҳонӣ ин гуна ҳолатҳое, ки ба сабаби бузургвориву маҳбубияти Сарвари кишвар ягонагии халқу давлат ба вуҷуд меояд, ҳодисаи муқаррарӣ нест. Иҷрои ин гуна хидматро танҳо Пешвои миллат метавонанд анҷом диҳанд!

Эмомалӣ Раҳмон бо паёми сулҳу ваҳдат ва ғояи милливу маслаки ватанпарастӣ, мароми созандагиву бунёди роҳҳову нақбҳо миллатро ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ ба ҳам оварданд. Дар мавриди гузариш аз як сохтор ба сохтори дигар, аз як ғоя ба ғояи дигар тавонистанд дар паҳнои қаламрави порашуда ва андешаи парешони як миллати худбохта ваҳдату ягонагии марзиву зеҳниро ба вуҷуд оваранд.

Эмомалӣ Раҳмон нафақат Асосгузори сулҳу ваҳдат, балки Асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории азёдрафтаи бостонии миллати тоҷик мебошанд.

Таҷрибаи бузурги дар самти давлатдорӣ ҳосилкардаи Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳёи хотираи маҳвшудаи ҳукмронии сиёсии миллати куҳанбунёду соҳибдавлати мост, дар хазинаи методологияи давлатдории тоҷикон ҳамчун дастоварди бисёр арзишманд ва бебаҳои сиёсӣ ба хотири корбурди амаливу назарӣ ва андухти таҷрибаи ояндагон ба мерос хоҳад монд.

Воқеан ҳам, яке аз омилҳои бисёр муҳимми ҳифзи қудрати сиёсии миллат он аст, ки таҷрибаву усул ва анъанаҳои давлатдории худро ҳифз карда, ба таври муттасил аз як насл ба насли дигар интиқол диҳад. Миллати мо, ки 1000 сол қабл давлатдории миллиро аз даст дода буд, дар пайи он бо гузашти муҳлати тӯлонии таърихӣ бар асари авомили айниву зеҳнӣ тамоми андухтаҳо ва таҷрибаҳои давлатдориву усули ҳифзи қудрати сиёсиро марҳала ба марҳала ба боди фаромӯшӣ дод. Хидмати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат дар ин самт он буд, ки услуби давлатдории мустақили эҷод карданд. Баъд аз ҳазор соли заволи давлати Сомониён ин аввалин мактаби давлатдории муваффақи миллат аст, ки дар робита ба саъю талошҳои фидокорона ва ҷуръати фавқулодаи сиёсии Пешвои мо ба вуҷуд омад.

Дар робита ба ин масъала вазифаи аҳли ҷомеаи мо ва махсусан, сиёсатшиносони кишвар аз он иборат аст, ки ин таҷрибаи усулии сиёсии ҳосилшударо ҷузъ ба ҷузъ омӯхта, ба хотири идомаву бақои давлатдории миллӣ ва пойдории истиқлолияти сиёсии кишвар дар қолаби илмиву методӣ ҳифз карда, барои наслҳои ояндаи роҳбарикунандаи мардумии мо ҳамчун дастурамал ба мерос гузоранд.

Дар арсаи сиёсат ва давлатдории миллатҳо ба воя расидани як пешвои воқеие, ки мавриди эътирофи аксарият гардад, воқеан ҳам, барои ваҳдати аҳли ҷомеа ва рушди минбаъдаи давлат нақши бисёр муҳим дорад. Доштани ин гуна пешво аз муҳимтарин омилҳои таъмини амният ва ваҳдати ҷомеа ва кафили рушди бонизоми давлат хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи мо ҳамин гуна Пешвост.

Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши меҳану миллат, эҳёгари забону фарҳанг ва суннати ниёгону бунёдгузори давлати мост.

Ӯ дар айёми бисёр ҳассос ва барои миллати тоҷик фоҷиабори таърихӣ рисолати роҳбарии худро беш аз ҳадди маъмуливу муқаррарии хидматӣ анҷом дод. Киштии дар миёни тӯфони ҳаводис афтодаи миллатро бо ҷуръати беназиру ақли ботадбири худ аз вартаи фано берун кашид.

Миллати тоҷик дар Тоҷикистон дар замони истиқлолият ҳар чизе, ки ба даст овард, бешубҳа, бо номи Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.

Эмомалӣ Раҳмон кафили ваҳдати милливу истиқрори сулҳ дар ҷомеаи мо гардида, ба ин васила арзишмандтарин дастоварди миллатро дар тӯли ҳазорсолаи охир, ки он давлати соҳибистиқлоли миллӣ буду ба сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар марҳилаи завол қарор дошт, ҳифз кард ва тақким бахшид. Ин бузургтарин хидмати Пешвои муаззами миллат барои миллат буд . Таърихи миллати тоҷик ҳамеша ин корномаи арзишманд ва беназири пешвои бурӯманди худро дар ёд хоҳад дошт. Танҳо ҳамин хидмати Эмомалӣ Раҳмон барои Қаҳрамон ва Пешво эътироф шудани ӯ кофист.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамун кафили оштии миллӣ ва бунёдгузори сулҳи тоҷикон ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки фоҷиаи миллии мо буд, ҳотима бахшид. Фирориёнро баргардонид, амнияти мардуми бозгаштаро таъмин намуд ва барои бесарпаноҳон сарпаноҳ шуд. Аҳли ҷомеаро барои арҷгузориву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва хештаншиносиву ватанпарварӣ даъват кард, барои миллати аз лиҳози амалӣ ва назарӣ пароканда ғояи миллиро ҳамчун меҳвар устувор кард ва мардумро дар атрофи он ба ҳам овард. Сохтори давлатдорииро ташкилу такмил ва Артиши миллиро таъсис дод, Ватанро бо заҳматҳои созанда обод кард ва миллату давлати тоҷиконро дар сатҳи байналмилалӣ ба гунаи шоиста муаррифӣ намуд.

Ҳадафҳои Эмомалӣ Раҳмон умумиллӣ ва умумдавлатист. Хидмате, ки пешвои мо барои миллати тоҷик ва ҳифзу таҳкими истиқлолияти сиёсиву давлатдории он анҷом даданд, воқеан ҳам, сарнавиштсоз ва хеле арзишманд аст. Фаъолияти созандаи Эмомалӣ Раҳмон барои бақои имрӯзу ояндаи миллат ҷойгоҳу пойгоҳи устувори мондагоре эҷод намуд.

Баъд аз таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амну суботи сиёсӣ бо заҳматҳои бардавому тадбиру чораҷӯйиҳои муассир ва барномарезиҳои давлатӣ заминаи рушди устувори иқтисодии кишвар ва беҳдошти рӯзафзуну иҷтимоии аҳолӣ гузошта шуд.

Дар алоқамандб ба татбиқи нишондодҳои Сарвари давлат оид ба афзоиши неруи истеҳсоливу давлатдории кишвар, рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт, раванди тадриҷии саноатикунонӣ, таҳаввулоти соҳаи маориф, таваҷҷуҳ ба тарбияи неруҳои зеҳнии ҷомеа, беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум суръати бунёдкориву созандагиҳо ва дигар нишондиҳандаҳои марбута, бо боварии комил метавон гуфт, Тоҷикистон аллакай ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст.

Заминаи ин ҳама пешрафт маҳз иқдомҳои наҷибонаю ватанпарварона, ҳадафҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин ҷо овардани шеъри шоири хушсалиқа Давлат Сафар ба ифтихори 27 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эҷод кардааст, ба маврид аст:

Ҳизби армон, ҳизби ваҳдат,

Ҳизби осоиши миллат.

Дар раҳи фардои қисмат,

Тахти побарҷои давлат.

 

Қалъаи нанг асту ном аст,

Раҳкушои хосу ом аст.

Парчами меҳру муҳаббат,

Парчами арши калом аст.

 

Ҳизби даргоҳи муқаддас,

Ҳизби руҳбахш аст бар кас.

Бо Ватан ҳамҷону ҳамтан,

Ҳар нафас моро ҳамин бас.

 Аз китоби Қозиён Шариф Қозӣ “Нақши Пешвои миллат дар тақкими ваҳдат”. Душанбе, 2024.

Таҳияи Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон