Асрори як ҳақиқати бебаҳс. Ошноии ғоибона бо марҳум Мӯсо Мавлавӣ

Бархе аз инсонҳои бузург, самимӣ, ки барои зиндагӣ иҷрои  рисолату вазифаҳои бузург фурсати кам, балки бисёр кам доранд, дар андак муддат корҳои  бузургро  ба  фарҷом мерасонанд  ва зуд шуҳрат меёбанд.  Агар ҳам марги ҷисмонияш фаро мерасад, он ин неру, ин қудратро надорад, ки ному кори некашонро аз сафҳаи ҳастӣ барои умре мавҳ созад. Баръакс, дар ин ҳол марг зиндагии дигару зебояшон мебахшад.

Мўсо Мавлавӣ собиқ  муовини  аввали сармуҳаррири  рўзномаи «Ҷумҳурият», аз ҳамин зумраи шахсон  маҳбус  мешавад.

Марги  муфоҷо  ўро дар 47-солагӣ аз миёни мо рабуд. Зодаи  кўҳ буд  ва дар миёни кўхсорон  ҷони  гиромӣ  супурд. Дар баҳор  омад ва дар хасон рафт. Дарахтон барг  мерехт, барги зард мерехт, ки  хабари  маргаш расид  ва зуд паҳн гардид. 17-уми  октябри соли 1993 буд. Замини  гарму  нарми  ноҳияи  Ҳисор  фарзанди  дўстдору  нозпарвардашро дар синаи  худ ҷой дод.

Ҳанўз аз ин марг соле нагузашта буд, ки мактаби  деҳаро ба номаш  гузоштанд. Гўиё  ин ҳама чанд рўз  пеш буд. Мо андуҳгин будем, аз он ки як дўст, як бародар, як ҳамкори  азизу  гиромиро аз даст додем. Аммо ў аз суратҳо рў ба рўйи мо механдид ва мехост боварамон  намояд, ки намурдааст, зинда аст. Чаро мо ин ҳакиқатро на он рўз, балки имрўз, ки ў ба синни ҳафтод қадам мегузорад,  дарк  мекунем? Мисли ин аст, ки сари сухани худ намеандешидем. Охир на худ мегуфтем, ки ў дар роҳ, дар фаҳмиш, дар кору истеъдод аз мо пештар аст? Мегуфтем. Ҳолиё ба хотир мерасад, пеши назар меояд, ки дар он рўзҳои барои ҳамаи мо вазнин таъзия ва гузориши даргузашти  яксолагии ў ва расми  номгузории мактабу кушодани  лавҳаи  ёдгориро ман барои рўзномаи «Ҷумҳурият» навишта будам. Осон набуд,  барои ҳеҷ кадоме  аз мо иҷрои ин амали дар назар содаву дар асл мураккаб. Аз ин як сафар, як сафаре бо ҷўшу хурўш мисли он ки, хабар дошт. Донишҷўйи  соли аввали факултаи филологияи тоҷики  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд,  ки аз он башорат дод. Чун дар сурати  башорат  ва хушҳолӣ  ба чашму гўш расид ва дар пай барои худ шуҳрат дошт, онро нафаҳмиданд, балки дарк  накарданд. Беҳтар он аст, ки ба навиштаҳои устоди шодравон, шинохтатарин шахсияти давр дар он рўзгор Мирзо Турсунзода, ки дар маҷаллаи овозадори «Садои Шарқ»  ба таъб расонда буд, руй биёрем:

«Дар  яке аз рўзҳои моҳи ноябри  соли гузушта  дар Дорулфунини  давлатӣ шабнишинии шоирони навқалам  барпо  гардид  ва ба он шабнишинӣ  маро ҳам  лутфан  даъват  карда буданд.  Диққати  маро рўзномаи  девории маҳфили адибони  ҷавон «Овози ҷавонӣ»  ба худ ҷалб намуд, ки дар он як қатор шеърҳои ҷавонон дарҷ  ёфтаанд.  Ман як рубоиро, ки бо обу ранги  шоирона навишта шуда ва муаллифи он шоири  ҷавон  Мўсо  Мавлавӣ  мебошад, ба дафтари  худ иқтибос намудам. Лекин  агар ба чойи «кудаки  сангам» «зодаи  сангам» мегуфт, илло беҳтар буд. Инак, он рубоӣ:

Ман кўдаки сангам, зи сари кўҳи баландам.

Дар синаи ман шаршараи сели баҳор аст.

Сел аст хурўшандаву гирдоб надорад.

Чун навсафаре ҳамсафари рўди Ҳисор аст».

Албатта, ин баҳо ин амали пурифтихори устоди забардасту шу ҳратёр ба як донишҷў барои умре ва ҳам баъд аз он кофист.

Воқеан, ин зодаи сангу аз сари кўҳи баданддар синаи худ шаршараи   сели баҳорро дошт. Хурўшанда  буду гирдоб надоштанашро  мо шоҳидем, бо чашми худ дидем. Бо ин ҳама чун ҳавои баъди  борон  дили софу беғубор дошт. Дар замири дилҳо донаи меҳр, донаи ишқ кошт. Дар пайи  ободии  оламу одам мекўшид. Суҳбаташ ҷонпарвару  ҳидояташ  дурусту маслиҳаташ  судбахш буд.

Пас аз хатми Коллеҷи фарҳанги  ҷумҳуриявии Тоҷикистон  ба номи П.Буйдоқов (соли 1966)  ва факултаи  филология тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1971) фаъолиятро дар рўзномаи «Ҷумҳурият» оғоз бахшид  ва то ба вазифаи муовини аввали  сармуҳаррири он расид. Бисту дусол  софдилона, содиқона, бе ҳеҷ  хастагию  дилмондагӣ   хидмат кард, заҳмат кашид. Аз накуиҳо, диловариҳо, ростӣ, садоқату муҳаббату амнияту ободию  созандагӣ  менавишт.

Мушкилоти  ҷомеаро хуб медонист ва барои рафъи он саъю кўшиш ба харҷ медод.

Нашри матолибаш дар матбуоти даврӣ аз солҳои 60-уми асри рафта оғоз ёфт. Ў муаллифи маҷмуаҳои «Даъват»  «Лочин», «Интизом мебояд» (бо ҳаммуаллифии  Н. Қосимов)  ва «Сурхсавор» мебошад.  Намунаҳои эҷоди ў дар маҷмуаҳои  дастаҷамъии «Давлати безавол», «Ситораҳои пурҷило», «Достони меҳнат», «Баҳори Ҳисор» нашр гардидаанд.Ҳамин тавр, беш аз 500 мақола очерк, қисса, ҳикояҳояш  дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Барандаи  ҷойизаи  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (соли 1991) гардидааст. Қаҳрамонҳои навиштаҳояш чун худи ў инсонҳои фидоӣ  барои  халқу Ватан ва  созанда, мушфиқ, меҳрубон, дилсўз, пешоҳанг, шуҳратёранд.

Зиндагии ў, кори ў ва  марги  ў ин ҳақиқати  зеборо  барои мо бори дигар таъкид  менамояду  ҳидоятамон  месозад, ки  аз  ҳар  лаҳзаи умр барои нафъи  ҷомеа пурсамар истифода бикунем. Дигар чӣ асроре  дорад  ин ҳақиқати  бебаҳс ва аз худ чӣ гуна номи неку гузоштану ҷовидон мондану зистан? Абдулқодири Раҳим, адиб  ва рўзноманигор

Аз китоби “Ман зодаи сангам” таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Рисолат Шералиева.

Китоби мазкур соли 2024 чоп шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.