Ато Ҳамдам. “Чароғи раҳнамо”
Ин китоб соли гузашта чоп шудааст ва аз ду драмаи пулитсистӣ-бадеӣ иборат буда, ба рӯзгор ва кору пайкори фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Ин драма дарбаргирандаи рӯйдодҳои солҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон аст ва дар ду бахш образи шахсе офарида шудааст, ки таърих сохтааст, кишвари ҷангзадаро обод кардааст, оташи ҷангро хомӯш ва зина ба зина он харобиҳоро бартараф ва мамлакатро ба марҳилаи шукуфоӣ расондааст.
Номзади илми таърих, театршинос Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, ки муҳаррири ин китоб аст, дар сарсуханаш аз ҷумла навиштааст: Китоби нави нависанда ва драмнависи маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам аз ду драмаи публитсистӣ – бадеии муаллиф ба рӯзгор ва кору пайкори фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон, оғози корномаҳои ӯ барои Истиқлолият ва шукуфоии Ватан фароҳам омадааст. Ҷидду ҷаҳд ва азму талоши дигар родмардони ин марзу бум барои якпорчагӣ ва бақодории меҳан низ дар драмаҳои нав инъикоси воқеии худро ёфтанд.
Ато Ҳамдам анқариб 45 сол мешавад, ки бо жанри аз ҳама мураккаб ва доманадори адабӣ – драматургия сару кор дорад. Суханаш касро бетафовут гузошта наметавонад, зеро дар осори ӯ зиндагии муосирону гузаштагони мо бо тамоми ҳусну қубҳаш рӯнамо гардидааст.
Биноан, ӯ барои офаридани асари саҳнавӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву давлатии хориқаи нодири таърихи халқи тоҷик – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра омода гардид.
Ато Ҳамдам, чун вакили мардумӣ, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тавонистааст муҳити онвақтаи ҷомеаро хеле устукорона бозгӯ намояд.
Саҳнаи аввали намоишнома дар Қасри машҳури Арбоб сурат мегирад. Мо дар ин саҳнаҳо бо қаҳрамонҳои мавқеи шаҳрвандиашон мухталиф вомехӯрем. Агар якеи аз онҳо тарафдори номзадии ҷавони пурғайрат Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шуро бошад, дигараш ба ин шубҳа дорад, сеюмӣ бо роҳ мекӯшад, ки ба раванди он халал ворид созад, чаҳорумин тарафдори номзади хеш асту панҷумин номзади худро дастгирӣ кардан мехоҳад. Мусаллам аст, ки неруҳои мухолиф минбаъд низ ба рафти воқеаҳои дар кишвар баамалоянда бетараф наистоданд. Муаллиф қаҳрамонҳои худро ба таври умумӣ марди калонсол, миёнсол, қумандони саҳроӣ ном гузошта. Ин услуби дар драматургия хеле маъмул аз он ҷиҳат корбаст шудааст, ки раванди минбаъдаи воқеаҳо дурустии роҳи интихобнамудаи Раиси нави Шурои Олиро баръало нишон доданд ва аксари онҳое, ки дар оғоз ба ӯ бовар надоштанд, баъдан дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омада, баҳри гулгулшукуфии кишварамон хидмати шоиста намуданд.
Дар саҳнаи дигар мо бо Сарвари давлат дар дафтари кориаш, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, вомехӯрем. Ӯ дар ин саҳна ба ҷамъ овардани аъзои Ҳукумат машғул буда, бо онҳо нақшаи ба эътидол овардани вазъи кишварро кашида, баҳри амалӣ намудани он аз тамоми имкониятҳо истифода бурданро таъқид месозад.
Устод Ато Ҳамдам як нуқтаро хеле хуб дарёфта: дар ҳама иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтааш Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба мардуми шариф ва банангу номуси тоҷик такя менамоянд. Аз ин ҷост, ки мардум низ ӯро аз лаҳзаи нахустини Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон, дӯст доштанду ба симати Роҳбари маънавӣ пазируфтаанд. Аз ҷониби мардум, Пешвои миллат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ин гуфтаҳост. Намоишнома низ бо вохӯрии мӯйсафедон аз ноҳияи Шаҳритус ба охир мерасад. Дар ин саҳна як ҷаҳон меҳру муҳаббати Сарвари кишвар ба халқ ва мардум нисбат ба Пешвои миллат инъикос ёфтааст. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ мисли чароғи раҳнамо, ки дар шаби зулмот киштиҳои ба вартаи ҳалокат гирифторшударо ба роҳи рост ҳидоят менамояд, мардумро ба сарҷамъӣ ва созандагӣ ҳидоят месозанд.
Дар асар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва матни суханрониҳои Сарвари давлат истифода шудаанд. Ин ҳолат қимати бадеӣ ва ҷамъиятии онро дучанд боло бурдааст. Ба ин васила Ато Ҳамдам дар таърихи драматургияи миллӣ марҳилаи навро асос гузошт. Театри сиёсии тоҷик, ки таърихи беш аз 90- сола дорад, бо образи наву ҷолиби як шахсияти наҷиби сатҳи ҷаҳонӣ- Эмомалӣ Раҳмон бою ғанӣ гардид…
Хоҳишмандон метавонанд китоби “Чароғи раҳнамо”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдамро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.