Аввалин чопи маснавии «Меҳру муштарӣ» дар Тоҷикистон
Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Табрезӣ, ки бо тахаллуси Ассор машҳур аст, аз ҷумлаи муосирон ва дӯстони Шайх Камоли Хуҷандист. Ӯ муаллифи рисолаҳо оид ба илми бадеъ, қофияву арӯз низ мебошад, вале дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ тавассути маснавии «Меҳру Муштарӣ» мақоми намоён касб намудааст.
Ин маснавӣ аз рафоқати шаҳзода Меҳр ва писари вазири падараш Муштарӣ сухан мекунад, ки меҳварашро ваҳдати вуҷуд ташкил медиҳад.
«Меҳру Муштарӣ» бо санъати хоси суханварии шоир дар сатҳи баланди фасоҳату балоғати калом эҷод шудааст. Ин асар дар Тоҷикистон ҳанӯз интишор нагардидааст. МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» барои пур кардани ин холигоҳ иқдом намуд ва матни асар, ки солҳои 2018-2023 тавассути фаслномаи илмӣ-адабии «Камоли Хуҷандӣ» интишор ёфтааст, бори нахуст дар шакли китоби алоҳида фароҳам омад.
Китоб барои олимони соҳаи адабиётшиносӣ, аҳли адаб ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Ассори Табрезӣ, ки аз муосирону ҳамсуҳбатони Шайх Камоли Хуҷандӣ маҳсуб гардида, аз он ки зикри ӯ дар девони шоир чанд бор рафтааст, маълум мешавад, ки бо шоири хуҷандӣ дӯстиву рафоқате доштааст. Аммо масъалаи зиндагиномаи ӯ то андозае норавшан боқӣ монда, баррасии фарохтари он баҳсҳои ҷолиби адабиро метавонад дар зимн дошта бошад. Ба ҳамин хотир, дар навиштаи ҳозир кӯшиш мешавад, то бо такяи сарчашмаҳои муҳиму дастрас нахуст ба шинохти рӯзгору осор ва ҳунари шоирии ӯ руҷуъ намоем.
Китоби «Меҳру муштарӣ» дар дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.