Аз Абдуррофеи Ҳиравӣ чӣ медонем?

Абдуррофеи ҲиравӣАбдуррофеи Ҳиравӣ Зиёуддин ибни Абулфатҳ шоири форс-тоҷик асри XII. Шахси таҳсилдида, «дар улуми ақлияву адабия ва тиббу луғат» (Забеҳуллоҳи Сафо) беҳамто будааст.

Пас аз касби камол нахуст дар дарбори Ғазнавиён (Хусравмалики Ғазнавӣ, дар соли 1159-1187 ҳукмрони намудааст), баътар дар даргоҳи Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ (вафот 1203) хидмат кардааст.

Аз осораш ғазалҳо, порчаҳои манзум дар тазкираҳо боқӣ мондаанд, ки равону дилкашанд ва гувоҳи табъи баланду сухандонии ўянд. Рисолаи манзуме бо номи «Ҷалолия» дар тафсири Наврўз аз таълифоти ўст.

Намунае аз ашъораш:

Эй дил, биёр мужда, ки ҷонон ҳамерасад

В-эй дида, ҷой соз, ки меҳмон ҳамерасад.

В-эй тан, агарчи кори ту аз ғам ба ҷон расид,

Ҷонро фирист пеш, ки ҷонон ҳамерасад.

Кори нишоту лавҳ зи сар тоза кун кунун,

Чун ранҷҳои ҳаҷр ба поён ҳамерасад.

Айёми дарду меҳнату шиддат ҳама гузашт,

Ҳангоми рўҳу роҳату дармон ҳамерасад….

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2011. – Ҷ.1. – С. 56.
Муаллиф: Саидов. А.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.