Аз асарҳои Пешвои миллат. Мирзоаббос Фурӯғии Бастомӣ

Мирзоаббос Фурӯғии Бастомӣ (1798-1868) дар оилаи Оқомусои Бастомӣ ба дунё омадааст. Муаллифони баъзе сарчашмаҳо то сини 18-20-солагӣ бесавод будани Аббосро таъкид кардаанд. Эҳтимол аз сабаби надоштани имконияти мусоид ў дар мактаб ва ё дар назди муаллимони алоҳида таҳсил накарда бошад. Ҳангоми дар Теҳрон будан ба воситаи худомӯзӣ савод бароварда, ба таври ҷиддӣ ба омӯзиши назми гузаштагон, махсусан, девонҳои ашъори Саъдиву Ҳофиз мепардозад. Аз ҳамин давра ӯ бо тахаллуси Мискин ба навиштани ғазал шурӯъ мекунад.

Фатҳалишоҳ барои хидмат Аббосро ба назди Шуҷоуссалтана, ки  ҳокими Хуросон буд, мефиристад. Волии Хуросон Аббосро муншии боргоҳаш таъйин менамояд. Ҳодисаи муҳимме, ки дар ин давра дар ҳаёти ӯ вуқӯъ меояд, шиносоӣ бо шоири маъруф Қоонӣ буд. Дӯстии онҳо бо мурури солҳо мустаҳкам шуда, то охири умрашон идома меёбад. Аббос дар пайравии дӯсташ Қоонӣ, ки тахаллусашро ба муносибати фарзанди Шуҷоуссалтана-Уктои Қоон гирифта буд, ба нисбати номи фарзанди дигари Шуҷоуссултана – Фурӯғуддавла, тахаллусашро ба Фурӯғӣ табдил медиҳад.

Пас аз марги Фатҳалишоҳ шоир аз дарбор дур шуда, ба маслаки тасаввуф рӯй меорад ва, махсусан ба андешаҳои ваҳдати вуҷуди Мансури Ҳаллоҷ, ки аз сӯфиёни маъруфи асрҳои 9-10 буда, дар тасаввуф равияи хосе ба вуҷуд оварда буд ва мақому мартабаи инсонро хеле баланд бардошта ба дараҷаи худоӣ мерасонад, пайравӣ мекунад.

Ҳосидони Фурӯғӣ низ дар назди Носириддиншоҳ нисбат ба шоир бадгӯйӣ намуда, ӯро дар пайравӣ ба «аналҳақӣ» гунаҳгор мекунанд. Аз нақли дӯсти шоир Асадуллои Қочор маълум мешавад, ки шоҳ ӯро даъват намуда, ҷазо доданӣ шудааст, вале ҷавоби лутфомези шоир боиси афви ӯ гаштааст.

Аз маълумоти ҳамзамон ва дӯсти шоир-Ризоқулихони Ҳидоят, маълум мегардад, ки Фурӯғӣ дар солҳои охири умр дарборро тарк намудааст. Ҳарчанд ӯ сабаби «қабули мулозамат нанамудани» шоирро нишон надодааст, вале тахмин меравад, ки яке аз сабабҳои асосии он мувофиқ наомадани андешаҳои пешқадаму озодихоҳонаи шоир бо аҳли ҳукмрони давр бояд бошад.

Забони ашъори Фурӯғии Бастомӣ бо такя бар осори суханварони гузашта, чун Рӯдакиву Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ бештар содаву равон аст. Таваҷҷуҳ кунед бар як ғазали ӯ, ки ба ғайр аз чанд калимаву калимаи  арабӣ боқӣ ҳама калимаву ибораҳои асили забонро ташкил медиҳанд:

Дӣ ба раҳаш фикандаам тифли сиришки дидаро,

            Дар кафи доя додаам кӯдаки наврасидаро.

            Бахти рамида ром шуд, ваҳшати ман тамом шуд,

           К-он сари зулф дом шуд пойи дили рамидаро.

            Аз лаби шаккарини ӯ бӯса  ба  ҷон харидаам,

            З-он ки ҳаловате бувад ҷинси гаронхаридаро.

            Гар ба сари ман он  парӣ аз сари ноз бигзарад ,

            Бар сари роҳаш афканам пираҳани даридаро.

            Парда зи рух кушодаӣ, доди карашма додаӣ,

            Доғи дигар ниҳодаӣ лолаи доғдидаро,

            Дил ба нигоҳи аввалин гашт шикори чашми ту,

            Захм дигар чӣ мезанӣ сайди ба хун тапидаро.

            Чашми сиёҳи худ нигар, ҳеҷ надидаӣ агар.

            Масти каминкушодаро, турки камонкашидаро,

            Заҳри аҷал чашидаам, талхии марг дидаам.

            То зи лабат шунидаам қиссаи ношунидаро.

            Ҳеҷ насиби  ман нашуд аз даҳанаш, Фурӯғиё,

            Чун ба мазоқ биспурам шарбати ночашидаро?

Дар ин ғазал шоир ҳафт калимаи арабӣ, аз қабили тифл, ваҳшат, тамом, ҳаловат, ҷинс, аввал ва сайд-ро корбаст намудааст. Ҳамаи ин калимаҳо ба гурӯи калимаҳои умумиистеъмолӣ дохил мешаванд. Калимаҳои дигар, аз қабили таркибҳо бахт (бахти рамида), кӯдак (кӯдаки наврасида), дил (дили рамида), пироҳан (пираҳани дарида), доғ, лола (лолаи доғдида), нигоҳ, чашм, шикор, маст (масти каминкушода), дом, пой, зулф ва ғайра калимаҳои ноби забони форсӣ мебошанд, ки дар забони тоҷикӣ низ маъмулу машҳуранд. Дар ин ғазали шоир истифодаи ибораҳои рехта ва дар ин замина ифодаи тобишҳои маъноии зебое, ба монанди бӯса ба ҷон харидан, аз сари ноз гузаштан, доди карашма додан, сайди ба хун тапида, шарбати ночашида аз тахайюли фарохи суханварии шоир дарак дода, дониши васеи забонии ӯро нишон медиҳад ва маълум мешавад, ки Фурӯғӣ дар ашъори худ аз забони гуфтугӯйии мардум ба таври васеъ бархурдор будааст.

Ё дар ғазали дигари шоир, ки нисбатан ба сабки душвору мураккабнависӣ иншо шудааст, мо истифодаи таркибу ибораҳои ноби забонро, аз қабили оташзадагон, дилсўхтагон, хунинкафанон, ҷигарсӯхта (ҷигарсӯхтаи оташи ишқ), бода (бодаи ноб), нома (сад нома нависанду ҷавоб аз ту нахонанд) мебинем. Чунин бармеояд, ки дар ашъори шоирону адибони ин давра ба таври равшан пайравӣ аз сабку услуби суханварони пешини тоҷику форс дида мешавад ва ҳалқаи заррини шеъри ноби форсӣ дар давраи Коҷория нагусаста, балки баъдан бо пайдо шудани сабки бозгашти адабӣ дар ашъори суханварони баъдӣ, ба монанди Маликушшуаро Баҳору  Эраҷ Мирзову Лоҳутӣ боз ҳам равнақи тоза пайдо мекунад. 

Ин фақат як порчае буд аз мақолаи “Мирзоаббос Фурӯғии Бастомӣ”, ки аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” иқтибос овардем.

 Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.

Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.

 Шакли электронии китоб ин ҷост:
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ 

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ