Аз асарҳои Пешвои миллат.Нозими Ҳиротӣ

Низомии Ҳиротӣ (вафот1671) низ яке аз шоирони ин давра аст, ки бо ашъори диловези хеш дар пешрафти адабиёти тоҷикӣ-дарӣ хидмати босазо кардааст. Мунаққидони пешину муосир роҷеъ ба сабки баёни ин шоири ширинадо суханҳои нек гуфтаанд.

Муҳаммад Афзали Сархуш роҷеъ ба достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Низоми Ҳиротӣ дар «Калимот-уш-шуаро» чунин менависад: «Низоми Ҳиравӣ устоди хушхаёл ва соҳибзабон… маснавии «Юсуф ва Зулайхо» ба адоҳои рангин гуфта, ҳама ҷо дар вай талошҳо карда».

Тазкиранависи дигари Ҳинд Ҳусайнқулихон ба таълифоти ў чунин баҳо додааст: «Низоми Ҳиравӣ саргурўҳи нозимони хушкаломӣ буд ва пешрави сухансанҷони номӣ, адоҳои каломаш аз ғамзаи маъшуқон хунрез ва тири дилсўзи хаёлаш дар чорсўйи офоқ шўрангез, маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба табъи Мавлавӣ Ҷомӣ ба силки назм кашида ва каломи фасоҳату истеъдод дар он ба кор бурда ва мазомини борику нозук баста».

Воқеан, Низоми Ҳиротӣ, ки ўро аз намояндагони равияи содаи сабки ҳиндӣ меноманд, дар Мовароуннаҳр шуҳрати беандоза пайдо карда, ашъораш мавриди истиқболу татаббуи умумӣ қарор гирифта буд. Осори ин шоир, ки ба шакли куллиёт ва девон нусхаҳои нисбатан зиёдтаре то замони мо расидааст, мазмунҳои баланди иҷтимоиву ахлоқӣ, афкори зидди зулму истибдод ва инсонпарваронаро дар бар дорад.

Нозим, чунонки дар боло ишора рафт, муаллифи достони «Юсуфу Зулайхо» низ буда, ин асар дар эҷодиёти ў мақоми махсус дорад. Дар замони Нозим ва асарҳои баъд як қатор шоирони Мовароуннаҳр дар ҷавоби ин достони нафиси ў маснавиҳо  эҷод кардаанд.

Худи Низоми Ҳиротӣ роҷеъ ба маънию нозукхаёлии хеш гуфтааст:

Нозими машриқзамирам, нест гар бовар туро,

Мешавад маълум аз назми ҷаҳонорои ман.

Шарбати абрешими маънӣ мураккаб кардааст,

Баҳри дилҳои заифон килки анбарсои ман

Дар зер байтҳоеро аз ду ғазале, ки яке бо риояи сабки ҳиндӣ эҷод шуда, дуюмӣ содауслуб аст, барои муқоиса намуна меорем:

Ғазали якум:

Дил бе ту дар чаман қадаҳи гул шикастааст,

Минои нағма бар лаби булбул шикастааст.

Дар раҳм эҳтиёти хатар бештар бувад,

Дар об мезанем, ки ин пул шикастааст.

Гар барқи  чорсўйи тараққӣ шавам,масўз,

Бозори хушматои таназзул шикастааст….

Нозим кашида бори ғаме, к-аз тасаввураш,

Пушти сафинаву камари пул шикастааст:

Ғазали дуюм:

Забонам рўшиноси нолае нест,

Лабамро толеи табхолае нест.

Чунон бехонумонам карда гардун,

Ки моҳи толеамро ҳолае нест.

На танҳо синаҳо бе доғи ишқ аст,

Ба сад саҳро гузаштам, лолае нест.

Зи қатъи гиряам осуда маншин,

Ки ин селоб бе дунболае нест.

Чӣ қимат, Нозим,ин мушти хазафро.

Ки гавҳарро баҳои жолае нест.

 

Ин фақат як порчае буд аз мақолаи “Нозими Ҳиротӣ”, ки аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” иқтибос овардем.

 Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.

Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.

 Шакли электронии китоб ин ҷост: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ 

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.