Аз БОЙГОНӢ. Аввалин арзёбии шеъри Фарзона аз ҷониби устод Гулрухсор. 34 сол пеш аз ин

Ин чанд сатр, ки мехонед, соли 1987 дар шумораи 5-уми маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” чоп шудааст. Ва устод Гулрухсор – ин шоираи нотакрору маъруф ба аввалин шеърҳои Фарзона – Шоири халқии Тоҷикистон баҳо додаву чанд намуна аз ашъорашро барои чоп дар ин маҷалла тавсия дода.

Сарсухани хеле кутоҳро айнан меорем.

 

***   ***   ***

 

Бахши ту як ҷаҳон сухан дорам,

Ки багуфтан забон намеёбам.

 

Фарзона гулест дар боғи назми ҳамсолонаш. Нашъунамои ў дар пеш аст. Имсол маҷмўаи нахустинаш нашр мешавад, ки боварӣ дорам хонандагони зиёд хоҳад ёфт. Ҳар як насл вобаста ба диду бинишу эҷодиёти худ аз дигараш фарқ мекунад. Ҳар насл мехоҳад шоирону суханварони худро дошта бошад. Солҳои навадум бояд барои Фарзона ва ҳамсолони ў солҳои комьёбиҳои эҷодӣ, пешравӣ, равнақ  ва барор гардад. Алҳол  аз омадани  ў ба адабиёти ҷавонон беҳад шодем.

Шахсан маро он ҷиҳати  Фарзона хурсанд мекунад, ки ў омўзишу машқи шогирдонаи шеърашро дар завқи хонанда не, балки байни чордевори худсозӣ ва завқу талабу меҳнат мегузаронад. Шерҳоеро ба дасти чоп медиҳад, ки самараи  сабру тоқати шоираи ҷавонанд шеърҳои шоираи бистусесола аллбатта, аз камбудихоси хоси ҷавонӣ холӣ нестанд, аммо қимати шеъраш дар самимият, диди хоса ва каломи ўст. Кўшиши  ҳар чизи хомро шеър гуфта, зуд ба чоп додан дар ў нест, ки худи ҳамин шоистаи табрик аст. Бо вуҷуди  ҷавонӣ хуб дарк кардааст:

Ҳар ки сухан бо сухане зам кунад,

Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Ў  ба маънии ин сатрҳо мерасад, аммо суханеро бо сухани хоси худ зам кардан, қатрае аз хуни ҷигари худ кам кардан, ўро  ҳанўз дар пеш аст. Дар шеъраш кўшиши сухансозиву суханбозӣ дорад, ки оқибат ба пайдо кардани сухани  хосаи ў хоҳад овард, ба шарте  ки пайваста омўзад, меҳнат кунад ва ҳатман устоди   сахтгиру «бераҳм» ва ғамхоре дошта бошад.

Айби пир шуда, ҳанўз дар эҷод ҷавон мондани баъзе шоиру шоираҳо  аз мактаб нагузаштану устод  надоштани онҳост. Сатрҳои дар назари аввал печидаи ў, кўшиши  олами печидаи ботинии худро кушодан, худро дар худ кашф кардани шоираи ҷавон аст. Аз ашъори ояндаи  Фарзона як ҷаҳон умед дорам. Ҳамроҳи шумо, хоҳарону  модарон , барору комьёбиҳои эҷодиву фардии Фарзонаро хоҳонам !

ҚИСАҲОИ НОГУФТА

         Ҳар гаҳе эҳьё кунам, эй модари ҷон

            Кўдакиҳои туро андар тасаввур,

            Бинам он духтарчаеро, ки ситода

            Бо дили аз ғуссаҳои бекасӣ пур.

            Ҳонаи тифлон паноҳаш дода, аммо

            Маҳрум аз меҳри падар ў бепаноҳ аст,

            Буда ҳамрозаш фақат ашки ятимӣ,

          Монда ҳамдардаш фақат як мушти оҳ аст.

            Гўиё рў мезанад дар сурати ашк

            Аз ду чашмаш дарҳои таҳнишине.

            Оҳ, ин кўдак чӣ дорад андар олам

            Ҷуз дили танҳои бо ғамҳо қарине?!

            Дидаро пўшида пиндорад, ки хоб аст

            Сар ба рўи зонуи модар ниҳода.

            Лек чун чашмони худро мекушояд,

            Хешро бинад ба рўи раҳ фитода.

            Ў надида серӣ рўи волидонро,

            Рўи  нонро ҳам чунин серӣ надида.

            Меравад танҳо дар он китфони кўчак

            Бори вазнини ятимиро кашида.

            Канда –канда мебарорад ў ҳама дам

            Нолаҳои дар гулў печидаашро.

            Ташна асту ҷои обе бо азобе

            Ў фурў мебурд оби  дидаашро.

            Ҳай дареғо, бачагият, модари ҷон,

            Ҳамчун оби чашми ту шоридаву рафт.

            Тифлии ту ашкҳоро дона-дона

            Дар дилу дар дидаат коридаву рафт.

            Бар мани андар сухан оҷиз бубахшо,

            Ки  натонам бар забон орам ғами ту.

            Лек дардатро бигўяд безабоне

            Бо сукуте дидаҳои пурнами ту.

            Рафта он рўзону андар қаъри сина

            То ҳанўз осорашро таҳ-таҳ бихуфта,

            Аз ҳазорон қиссаи пурғуссаи ту

            Лаб фурў бандам якеро ҳам нагуфта.

ОФТОБИ ДУРИ МАН

Ҷони ман, орзуям ин бошад ,

Ки ба дидори ту рассад дида.

Гарчи  дар дил зи нав шавад бедор

Таҳ ба таҳ орзуи хобида.

 Ин саҳар гул ба боғ дидам ман:

Лолае навшукуфта ҳайрон аст.

– Оҳ, – гуфтам,– зи рўзи тавлидаш,

Ғарқаи ашки абри гирён аст.

            Пар занад баргҳои навзодаш

            Дар талоши навозиши хуршед.

            Лек дар осмони дуродур

            Абр андохта чодари испед…

            Ман ҳамон лолаам, ки маҳрумам

            Аз ту, эй офтоби дури ман.

            Лаҳзае бош дар ҳузури ман!

            Бахши ту як ҷаҳон сухан дорам,

             Ки ба гуфтан забон намеёбам.

            То ту ҳамдарди ман набошӣ, ҳеч

            Дарди худро баён наеёбам.

            Хоҳаме беҳ зи ман барои ту

            Ашки ман шеъру достон гўяд.

            Қиссаеро аз ишқи беҳарфам,

            Ман натонам бигўям, он гўяд.

                                                           АФСОНАИ ШАБ

            Як шаби маҳҷабин гузашт,

Нилуфаре ханда фишонд.

Барги тар аз канори худ

Шабнами хуфтаро биронд.

Шаб зи дили  фишурдаат

Рози нахуфта шуд бадар.

Рехт зи шохи мижаам

Нам – нами ашкҳо саҳар.

Он сўи шиша будӣ ту

Хамнишини ситораҳо.

Ин сў ману сукуту боз

Маҳбаси бурҷу бораҳо.

Махзани роз чашми ту,

Гулшани ноз чашми ман.

Балки дар он маҳкама буд

Равзани боз чашми ман.

Он шаби пурфасона ку?

Нақше дар остона ку?

Хастии лаҳзаина ку?

Мастии ҷовидона ку?!

Падруд, эй ишқи сафед,

Падруд, эй ошиқи дур.

Дар  дили шаб ба ҷои ту

Хома занад бонги сурур.

Маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, №5, соли 1987, саҳ. 10

 

Таҳияи Саодат Набиева.