Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ. Абулқосим Лоҳутии Кирмоншоҳӣ
(Писари Аҳмад Илҳомии Исфаҳонӣ, таваллуд – 1306/ 1987)
(Аз Лоҳутӣ биззот шунида навишта шуд)
Ба роҳи ишқ ҷону дину дилро ҳамсафар бурдам,
Дилу дин қатлу ғорат шуд, фақат ҷоне бадар бурдам.
Ба майдоне, ки аз як тир Рустам бозмегардад,
Мани девона он ҷо ҷону дилро бе сипар бурдам.
Маро ронду ба шӯхӣ гуфт, к-аз ҳастии худ чизе
Ба ҳамраҳ бурдӣ охир? Гуфтамаш: оре, хабар бурдам.
Гувоҳ аз баҳри сидқи ишқи ман мехост чашми ӯ,
Ба пешаш зуд як доман пур аз лахти ҷигар бурдам.
Зи бечизӣ миёни ишқбозон мурдам аз хиҷлат,
Ки ҷонон рӯнамо мехост, ном аз ҷону сар бурдам.
Ба бозори муҳаббат ҷону сар як ҷав намеарзад,
Ман ин ҷо манфиат аз оҳи гарму чашми тар бурдам.
Ба пеши ғамзааш дилтангӣ аз кори қазо кардам,
Зи нодонӣ шикоят аз писар пеши падар бурдам.
Дилам умрест бо чашмони ӯ хӯ карда, Лоҳутӣ,
Таҳаммулро бубин, ман бо аҷал умре ба сар бурдам!
**** **** ****
Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад,
Ғамамро булбуле, к-овора шуд, аз лона медонад.
Нагирям чун зи ғайрат, ғайр месӯзад ба ҳоли ман,
Нанолам чун зи ғам, ёрам маро бегона медонад.
Ба уммеде нишастам, шикваи худро ба дил гуфтам,
Ҳамехандад ба ман ин ҳам маро девона медонад.
Насиҳатгӯ, чӣ мепурсӣ илоҷи ҷони беморам?
Усули ин табобатро фақат ҷонона медонад.
Ба ҷони ӯ, ки дардашро ҳам аз ҷон дӯсттар дорам,
Вале мемирам аз ин ғам, ки донад ё намедонад?
Ту огаҳ нестӣ, к-андар сари зулфат чи хунҳо шуд,
Валекин мӯ ба мӯ ин достонро шона медонад.
Сухан аз куфру дин дигар магӯ дар пеши Лоҳутӣ,
Ки ӯ ин қиссаҳоро сар ба сар афсона медонад.
**** **** ****
Назар ба сухани худ Лоҳутӣ ин шеърро аввалбор ба синни дувоздаҳсолагӣ иншод кардааст:
Рӯи ту, ки рашки моҳи Нахшаб бошад,
Меҳр аст, вале нуҳуфта дар шаб бошад.
Хоҳам, ки кунам номае, эй дӯст, гусел,
Сӯят, ки аз он васли ту матлаб бошад.
Мижгон қаламу лахти ҷигар қоғази ман,
Хуни дили девона мураккаб бошад.
**** **** ****
Дар мартабаи дуввум ин шеърро иншод кардааст:
Афканд то ба моҳ каманди ту ҳоларо,
Бикшуд ба рухи дили ман боби ноларо,
Зулфаш, ки дил зи мардуми ҳафтодсола бурд,
Маҷнуни хеш карда мани ҳафтсоларо.
Лоҳутӣ чунон, ки ишора рафт, аз хоки Зрон аст. Падари Лоҳутӣ гевакаш (чоруқдӯз) буда, Лоҳутӣ ба синни рушд аз тарафи касе ба Теҳрон барои таҳсили илм фиристода шуда. Дар инқилобҳои миллии Эрон биззот иштирок карда, дар соли 1917 ба дасти англисон асир афтода, маҳбус монда. Дар соли 1921 фироран дар Русия паноҳанда шудааст.
Лоҳутӣ дар авоили ҳол шеърҳои ошиқӣ, баъд аз он ба таъсири падараш, ки аз мутасаввифин буда, ашъори суфиёна, пас аз он ба таъсири инқилоби Эрон ва тааррузи хориҷиён ба Эрон шеърҳои милливу ватанӣ иншод кардааст.
Аз вақте ки ба Русия паноҳанда шудааст, то имрӯз ҳама дам сурудҳои инқилобӣ месарояд.
Лоҳутӣ аввалин касест, ки дар форсӣ ашъори инқилобиро бисёр сурудааст.
Асарҳои матбуъааш:
“Ҳикояҳои Лоҳутӣ”, 2. “Эроннома”; 3. “Наврӯзнома”; 4. “Баҳория”; 5.”Лолоӣ”; 6. “Кремл”; 7.”Рубоиёт” аст.
Мо ашъори милливу инқилобии ин адиби сурхро дар қисми саввуми ин маҷмӯа мутолаа хоҳем кардан.
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.