Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ. Домулло Ҳоҷибой Лисонии Хуҷандӣ
Вафот – 1268 ҳиҷрӣ
(“Аз Туҳфат- ул аҳбоб”)
Зи ҳарфи зинати дунёи фонӣ гашта кар гӯшам,
Надорад аз гаронӣ миннати бори гуҳар гӯшам.
Ҷаҳони офият аз бетамизӣ фаршу ман ғофил,
Дареғ, эй бебасират чашмаму бехабар гӯшам.
Надорам чашм ҷуз бар ваъдаи лутфи худовандӣ,
Зи ҳарфи сахт, аз баҳри Худо, воиз, мадар гӯшам!
Ба уммеде, ки шояд қосид орад муждаи васлаш,
Ниҳода рӯз то шаб ҷониби он симбар гӯшам.
Маро аз меҳрубонӣ манъи ёр акнун бас, эй носеҳ,
Надорад инқадарҳо тоби арзи нештар гӯшам.
Матлаъ
Чу сарви қоматаш аз гулшани эҷод бархезад,
Ба истиқболи ӯ сарв аз замин озод бархезад.
Фард
Надорад обуранге навбаҳори гулшани имкон,
Ба рангу бӯи гул з – ин бӯстон доманфишон бигзар!
Домулло Ҳоҷибой дар Бухоро касби камол кардаву дар он ҷо мутаваттин (сокин) шуда, дар мансабҳои илмӣ то раёсати Бухоро расидааст.
МУЛЛО НАСРУЛЛОҲ ЛУТФИИ БУХОРОӢ
(Вафот-1336)
(Аз тазкираи Мӯҳтарам)
Биё, эй рашки хуршеду қамар рухсори зебоят,
Чаман аз камтарин худдоми рӯи ҷаннатиншоят.
Қимёмат мекунад он қомати ҳашрофарини ту,
Агар бошад қиёмат рост, бошад қадди болоят.
Асарпарварди доғам гулшани ҷаннат намехоҳад,
Мабодо аз сари шӯридагон кам доғи савдоят.
Ҷамоли Юсуфи мисрӣ бувад як шаммае, эй гул,
Зи ҳусни оламафрӯзи узори моҳсимоят.
Агарчанде ки резад хуни мардум чашми қаттолат,
Талофӣ мекунад лаъли лаби ҳамчун Масеҳоят.
На бо Лутфист ҷавру нозу истиғнои ту, ҷоно,
Ҳазорон ҳамчу ӯ дар ҳар тараф афтода расвоят!
Мулло Насруллоҳи Лутфиро тақрир ва таҳрир хубтар, ҳусни хат аз ҳусни баён марғубтар буд.
Мумоилайҳи бағоят ба иҳом ҳарф мезад, дар суханони мусоҳибонаш низ мутлақо иҳоме дарёфта, бар хилофи маънии мақсуда шарҳ медод. Ба фақир шиносои дерин буд, ҳуқуқи собиқаи дӯстиро ин абёт дар таърихи вафоташ иншод шуда буд:
Фозиле комил, ки дар ширинкаломӣ тоқ буд,
Сӯҳбаташро, ҳар ки буд, аз ҷону дил муштоқ буд.
Анҷуман аз нутқи шаккаррези ӯ пуршӯр буд,
Иҷтимоъ аз лутфи ҳазломези ӯ барроқ буд.
Ҷони аҳли маҷлис аз тарзи каломаш сур дошт,
Табъи аҳли маҳфил аз лутфи баёнаш чоқ буд.
Лутфҳо мекард андар ҳар сухан аз зеҳни соф,
Лутфиаш з- он рӯ лақаб машҳур дар офоқ буд.
Ҳайф, якбора раҳи маъвои хомӯшон гирифт,
Тӯтии таъбаш, ки дар ҳар анҷуман наттоқ буд.
Гуфтам: ин фозил кӣ буду соли таърихаш чӣ буд
Килки Айнӣ зад рақам: Назруллаҳи Ӯроқ буд.
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.