Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ. Мулло  Абдулмаҷид  Музтариби Бухороӣ

(Таваллуд-1260, вафот – 1314. Аз  тазкираи Садри Зиё)

Синарешат ману ту марҳами ҷони дигарӣ,

Карда рам аз ману ороми равони дигарӣ.

Ҳосили ман будӣ дар майсагӣ, эй гандумгун,

Нони тафтон шудӣ акнун, ба даҳони дигарӣ.

Чун қаламча ба чи хуни ҷигарат парвардам,

Ба гаҳи баргу наво сабзмадони дигарӣ.

Ҳолати ғӯрагият заҳмати қӯрӯқ бурдам,

Навбати шира хуроки магасони дигарӣ.

Ҳаст чун лаълии хушбор саропоят нуқл,

Ба ин оростагӣ зеби дукони дигарӣ.

Нақди ҷон бар кафу ҷӯёи висолат ману ту,

Дӯхта чашм ба ҷайбу ҳамаёни дигарӣ.

Ёди он мӯи миён карда ба ашъори дақиқ,

Ман ҳамепечаму ту мӯймиёни дигарӣ.

Гарчи бисёр бувад қоили ашъори фасеҳ,

Музтариб, лек ту бо нутқу баёни дигарӣ.

*****     *****     *****  

Басе хубон ба олам офариданд,

Вале монанди ӯ кам офариданд..

Хаданги новаки мижгони ӯро

Ба хунрезӣ  мусаллам офариданд.

Навиди васли он бедодгарро

Ба захми ҳаҷр марҳам офариданд.

Туро, эй нозанин, бо лаъли хандон,

Маро бо чашми пурнам офариданд.

Туро аз баҳри айшу комронӣ,

Маро аз баҳри мотам офариданд.

Биҳамдиллаҳ, ки қадди Музтарибро

Чу тоқи абрӯят хам офариданд.

 

Боре амир Музаффар Музтарибро ба рикоби худ то Қаршӣ бурда, лекин ба ҳеҷ ваҷҳ  ҷӯёи ҳоли ӯ нашуда. Чун бечора Музтариб дар мусофират аз бемаошиву бемаконӣ дар изтироб афтода, ин рубоиро ба амири мазкур навишта дода:

Рубоӣ

Шоҳо, ману бепуливу Қаршӣ то кай?

Рафтан ба мақоми шоҳи аршӣ то кай?

Аз ҷониби узбакон ”қалай сиз?” то кай?

Аз ҷониби ман ҷавоби “яхши” то кай?

Чун амир рубоиро мутолаъа  карда, Музтарибро ба Бухоро  рондааст.

Дар тазмини

Аз Қарокӯламу пуршӯраму кони намакам,

Намакат гирад, агар лаъли лабатро намакам

гуфта( ин танзими панҷ банд буд, ба як банд иктифо афтод):

 

Аз замоне, ки дар ин водии хунхорам ман,

Хотирошуфтаи он турраи таррорам ман,

Зеваророи рухи шоҳиди ашъорам ман,

Дар тилисми ғами ҳиҷри ту гирифторам ман,

На зи Руму на зи Ҳинду на зи Булғорам ман,

На зи Кулобу Бадахшону на зи Чатрорам ман,

На зи Пирмасту Камашкенту на аз Каждумакам,

“Аз Қарокӯламу  пуршӯраму кони намакам,

Намакат гирад,  агар лаъли лабатро намакам”.

 

Дар шеърсароӣ табъи Музтариб  бағоят равон буд, лекин бисёртари ашъораш  дар ҳаҷвиёту ҳазлиёт воқеъ шудааст. Аз муосиронаш кам касест, ки аз забони ӯ эмин монда бошад.

 

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.