Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Абдурауф Фитрати Бухороӣ (тав. 1304 ҳиҷрӣ)
Ҳарчанд аз соли 1905 сар шуда, дар ҷароиди хориҷа мақолоти форсӣ аз тарафи тоҷикон ба қалам омад (чунончи Мирхон Порсозода ба “Ҳабл-ул-матин” менавишт) ва аз тарафи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва дигарон китобҳои мактабӣ таълиф шуд, аммо ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдураф Фитрат оғоз меёбад.
МУНОЗИРА
Фитрат соли 1329/1910 барои таҳсили улум фироран озими Истанбул шуда, ҳам дар он сол асари якумаш “Мунозара”-ро навишта нашр кард. Дар “Мунозара” низоъи ҷадиду қадимро намуда: гӯё ки мударрисе аз мударрисони Бухоро аз роҳи Ҳиндустон озими Ҳиҷоз мешавад ва дар он ҷо бо як нафар фарҳангӣ дар бораи макотиби қадима ва ҷадида мунозира менамояд. Табиӣ, мударрис дар натиҷа мулзам мешавад, ба ин восита хубии ҷадид аз қадим собит мегардад.
Дар муқаддима навишта:
Муқаддима
“Ҳамватанони азизам, миллати наҷибаи Бухороро пӯшида нахоҳад буд ки муддатест ихтилофи ҷадиду қадим, ки мабдааш ба ҷуз иштибоҳкорӣ ва фасодангезии баъзе хоинони миллат чизи дигар нест, Ватани муқаддаси моро фурӯ гирифта, ҷамоаи муттаҳидаи аҳолиро ба унвони ҷадид ва қадим ду фирқа ва ҳар кадомро нохушнуди они дигар намуда!
Бадеҳист, ки сабаби умдаи хориву харобии мусалмонон нест, магар ҳамин ихтилофоти бемаънӣ! Бинобар ин, ҳар ки худро ходими дини мубини ислом медонад, мекӯшад ,то ин ихтилофи хонабарандозро аз миёни мо, бухороиҳо, бардорад.
Банда ҳам, ки яке аз соликони ин маслаки муқаддас будам, дар ин айём бо ҳикояте тасодуф кардам, ки муштамил аст бар мунозираи як нафар мударриси бухороӣ, ки озими ҳаҷ буда, бо як нафар фарҳангӣ дар Ҳиндустон дар бораи усули ҷадиду қадим. Аз он ҷо, ки ҳикояи мазкура ин масъаларо ба таври акмал ҳал намуда буд, хостам, ки ӯро ба сурати як рисола, аммо ба таври муҳовараи бухороиён тартиб дода нашр намоям.Шояд бад-ин васила ҳамватанони мӯҳтарами ман аз ҳақиқати масъала муталлеъ шуда, тарки ихтилофоти бемавқеъро гуфта, ҳама билиттифоқ ба тариқе, ки ҳақ аст, иқдом намоянд”.
Дар ин китоб мударрис дар аввали кор бисёр дурушт меояд, ҳеҷ чизро намефаҳмад ва фаҳмидан ҳам намехоҳад. Мусоҳибашро як мардакаи кофир, бе илму дониш мепиндорад, истеҳзо мекунад. Дар натиҷаи ҷараёни табии мунозира дар охири китоб мударрис мегӯяд: “Шумо хуб марди донишманде будаед, воқеан, тамоми дардҳои ватану миллати моро ёфта, илоҷашро ҳам некӯ баён намудед. Зотан, мо низ дар бораи ин, ки “аввалин наҷотдиҳандаи мо илм аст”, мухолифат надорем, иштибоҳи мо дар мактаби ҷадид ва таҳсили улуми ҳозира буд, ки онро ҳам ба камоли хубӣ рафъ намудем. Аз мусоҳабати ҷаноби шумо зиёда масрур гардидам: акнун мураххасӣ мехоҳам. Фарҳангӣ: Худо ҳофизи шумо!”
“Мунозара” дар замони худ бисёр таъсири хубе кард: аз як тараф, мухолифинро аз хоби ғафлат нимбедор карда, ба такфири ду-се нафар осон-осон аз пой наафтодани усули ҷадидаро филҷумла имо намуд. Аз тарафи дигар, синфи авом ва ҷавононро ба тарафи усули ҷадида кашида, инқилобе дар фикр овард.
“Мунозара” 42 саҳфа буда, дар Истанбул ба соли 1327 (молӣ) аз тарафи соҳиби асар нашр шудааст.
(Идома дорад)
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.