Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Комилхоҷаи Накҳат

namunaКомилхоҷаи Накҳат ибни Олимхоҷа Ҳотифи Уротеппагӣ. Аз шуарои миёнаҳои асри 13.

Оразам босафост, мегӯяд,

Гарди хат кай равост, мегӯяд.

Дил надорад қарор, мегӯям,

Бисмили теғи мост, мегӯяд.

Қиблаи дил куҷост, мегӯям,

Тоқи абрӯи мост, мегӯяд.

Оразат офтоб, мегӯям,

Ҳарзагӯӣ чарост, мегӯяд.

Сарв озод нест дар гулшан,

Бандаи қадди мост, мегӯяд.

Карда помол хуни Накҳатро,

Ҷӯши ранги ҳиност, мегӯяд.

Возеҳ дар “Туҳфат-ул-аҳбоб” ба синни 16 – солагӣ вафот ёфтани  Накҳатро ривоят мекунад ва дар мотами ӯ ин байтро иншод менамояд:

Сияҳ пӯшид шеър аз мотами ӯ,

Қалам шуд синачок андар ғами ӯ.

Сиёҳӣ рехт аз чашми давоташ,

Ба худ зад аз фироқаш қоғаз оташ!

Алҳақ, ба ин гуна синну сол ин гуна иқтидор шоёни истеҳсон нест ва ин ранг марги бемаҳал сазовори ҳазор нолаву афғон.

 

Наҷиби Ҳинду

(“Аз Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Дудил зи ишқи ту гаштам, хароб шуд ҳарду,

Дудоғ сӯхтаму офтоб шуд ҳарду.

Ду лаб ба аҷз кушудам, дуо иҷобат шуд,

Ду арза додаму якҷо ҷавоб шуд ҳарду.

Ду шиша хуни ҷигар доштам ниҳон дар чашм,

Ба як карашмаи чашмонаш об шуд ҳарду.

Қарору сабр, ки умре қарор дошт ба дил,

Ба як салосили пурпечутоб шуд ҳарду.

Зи дину дил ба ду олам  ду хона дошт Наҷиб,

Ба як карашмаи ғафлат хароб шуд ҳарду.

(Аз як баёзи дастнавис)

Дорам буте, ба ҷилва  дилисангобкун,

В-аз акси хеш оинаолиҷанобкун.

Дохил ба базм ношуда номивидоъбар,

Наншаста, ҳамчу умр  ба рафтан  шитобкун.

Сад ваъдаи наомадаро рӯзи васлгир,

Як бӯсаи надода басадҷоҳисобкун.

Бо дигарон рафиқ шавӣ сайри гулистон,

Гулҳои доғ аз дили мо интихобкун.

Кӯдакмизоҷвор ба ошиқ баҳонаҷӯ,

Ранҷида ҷои дигару бо мо итобкун.

Бутхонасӯзу худ бути чандин ҳазор кас,

Оташпарасту шӯълаи оташ харобкун.

Бо дигарон ҳикояти бӯсуканоргӯй,

Бо мо сухан зи шаръи набиву китобкун.

Дар базми мо зи тори сари зулф симсоз,

Дар базми ғайр то ба саҳар маст хобкун.

Маст аз майи рақибу  газак аз Наҷибхон,

Соғар зи ғайргиру дили мо кабобкун.

 

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.