Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ.Мирқорӣ Нодири  Бухороӣ

namuna

Аз шуарои асри 13 ҳиҷрӣ. Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”:

Ҳар куҷо нахли таманноям зи дил гул мекунад,

Шахси эҳсон чин ба абрӯи тағофул мекунад.

Нест парво з-омаду рафти ғанову эҳтиёҷ,

Боданӯшӣ он ки аз ҷоми таваккул мекунад.

Неши ақраб нест ҳамдӯши газанди заҳри мор,

Кай равад бар дил зи зулфаш он чи кокул мекунад.

****   ****   ****

Чун рухаш гулшани ҷонхез надидаст касе,

Чун қадаш сарви диловез надидаст касе.

Рехт хуни ҳама кас, доманаш олуда нашуд,

Золими соҳиби парҳез надидаст касе.

Ёфт Ноир зи итоби нигаҳаш лаззати шаҳд,

Инчунин заҳри шакаррез надидаст касе.

****   ****   ****

Сӯи мо ҳам дидане з-он чашми шаҳло карданист,

Ҳоли расвои муҳаббатро тамошо карданист.

Оҳ дар дил, хок бар сар, пой дар гил, ҷон ба лаб,

Ишқи саркаш беш аз ин, ё раб, чи бо мо карданист?

Ноиро, хоҳи ҳаёти дил, муриди ишқ бош,

Ин Масеҳо сад ҷаҳони мурда эҳё  карданист.

****   ****   ****

САЙИД МАҲМУДХОН НАЗМИИ ИСТАРАВШАНӢ

(Ӯротеппа, таваллуд- 1242, вафот – 1310 ҳиҷрӣ)

(Аз дастхати Назмизода Ҷавҳарӣ)

Боз  чашми кофираш  оҳанги хунрезӣ намуд,

Аз нигоҳи гарм қасди фитнаангезӣ намуд.

Гарчи бори дил ба сарви нозукаш ояд гарон,

Турраи мушкинаш ойини диловезӣ намуд.

Дида аз гарди рикобаш хостам равшан кунам,

Дар гузашт аз ман саманди нози ӯ тезӣ намуд.

Сабқате дар нуктадонӣ нест аҳли асрро,

Табъи ин тармоягон торафт пасмезӣ намуд.

Маънии нозук даруни пардаи алфоз монд,

Фикрҳо дар суфтани бикри сухан ҳезӣ намуд.

Баски бар ҳарфи шикоят халқ медоранд гӯш,

З-ин сабаб Назмӣ ба назмаш шикваомезӣ намуд.

****   ****   ****

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.