Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Оқо Исмоил  Мунири Кашмирӣ

namunaСоли 1322 аз Бухоро ронда шуд. Аз тазкираи Мӯҳтарам)

Гардун надошт ин ҳама сайру сафар, ки ман,
Хуршед ҳам набуд чунин дарбадар, ки ман.
Саҳро надошт ин ҳама ваҳшат ба бар, ки ман,
Дарё надорад ин ҳама шӯриш ба сар, ки ман.
Аз ман касе набуда чунон бохабар, ки ту,
Аз худ касе нагашта чунин бехабар, ки ман.
Мино, ки гиряаш дили мастон кабоб кард,
Ҳаргиз надошт ин ҳама хун дар ҷигар, ки ман.
Пасту баланди кӯи ту аз ашки ман пур аст,
Найсон надошт ин ҳама дар каф гуҳар, ки ман.
Ояд ба боғ ёри арақноку боданӯш,
Бар гул кӣ дида шабнам аз ин хубтар, ки ман?
Гуфтам: кӣ бар ғубори дилам остин фишонд?
Доманкашон гузашт аз ин раҳгузар, ки ман!
Гуфтам: ба қасди қатли Мунирӣ миён кӣ баст?
Бархост ёр аз ҳама чолоктар, ки ман!

*****     *****     *****    

Ин ғазалро фақир  ба тағйири қофия пайравӣ кардаам:

Булбул насозад ин қадар оҳу фиғон, ки ман,
Парвона ҳам зи ишқ насӯзад чунон, ки ман.
Маҷнун ба даҳр аз ғами Лайлӣ нашуд чунон,
Аз дардат, эй ситамгари номеҳрубон, ки ман.
Аз дасти дӯстии ту озурда ҷони ман,
Душман мабод ин ҳама озурдаҷон, ки ман.
Зеборухе надида касе ҳамчунон, ки ту,
Шайдодиле набуда чунон дар ҷаҳон, ки ман.
Гуфтам: ба пеши ёр чу ман  кист нотавон
Мӯе ҳаниф ҷилва намуд аз миён, ки ман!
Дар пешвози дӯст кӣ, гуфтам, берун равад?
Аз иштиёқ ҷон ба лаб омад давон , ки ман!
Гуфтам: ба гӯшаи ғами Айнӣ кӣ мерасад?
Аз айни лутф ёр бишуд меҳмон, ки ман!

Оқо Исмоили Мунир якчанд  сол дар Бухоро буд, ба идораи яке аз тиҷоратхонаҳои чойфурӯшӣ кор мекард. Аз рӯзномаи “Ҳабл-ул-матин”-и Калкатта ваколат дошт, бо ӯ муштарӣ мегирифт ва мақола менавишт. Дар соли 1322 ҳиҷрӣ ба хоҳиши вакили сиёсии императорӣ аз Бухоро бароварда шуд. Ҳоло аз ҳаёту мамоташ хабаре нест. (Қариб даҳ сол аст, ки дар Хуросон (шаҳри Машҳад) таваққуф дорад ва дар солҳои охир рӯзномаи “Меҳри Мунир”- ро  менависад /аз мусаҳҳеҳ/)

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.