Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Қозӣ Абутоҳирхоҷаи Навои Самарқандӣ

Қозӣ Абутоҳирхоҷаи Навои Самарқандӣ, ибни қозӣ Абӯсайидхоҷаи Самарқандӣ. (Вафот- дар Кирмина,1874 мелодӣ)

(Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Ба ҳиҷронат набошад нолаву оҳам ҳазин, таҳсин,

Намурдан бе гули рӯи ту, эй нозофарин, таҳсин.

Сарангуште, ки аз ранги ҳино озорҳо дорад,

Ту доди зеб, эй машшота, аз ангуштарин, таҳсин.

Ғубори хотири хуршед дар фикрам намеояд,

Ба рухсори ту ҷо кардаст хатти анбарин,  таҳсин.

Фард дар тазмин

Ҷавҳари теғи ту болида ба хунам мегуфт:

Ҳар ки об аз дами шамшер хурад, нӯшаш бод!

(Аз “Самария”)

Дар мадҳи Хоҷа Абдуллоҳи  Аҳрор гуфта:

Кӯи ту чист? – Каъбаи дор-ул-қарори файз,

Саҳнат-биҳишт, марқади покат-ҳисори файз.

Нур аст баски турбати  қудсишиори ту,

Бинвишта гирди лавҳи ту “Ҳозо мазори файз”.

Ҷуз аҷз нест боргаҳи қудсро ниёз,

Хоки дари ту гаштаму гаштам дучори файз.

Эй хоҷаи валӣ, зи ту дорам таваққуъе,

Ман- нахли хушк, лутфи туам- обёри файз.

Аз лутфи хеш ин қадарам ташналаб мадор,

Субҳи дамидаӣ, чи барам интизори файз?

Абутоҳирхоҷаи Наво дар баёни таъйини мазорот ва таърихи иморати   шаҳри Самарқанд ва навоҳии он  “Самария”  ном китобе ба забони форсии сода таълиф карда. Ин китоб дар соли 1904-1322 дар Петербург (Ленингрод)  ба саъю эҳтимоми профессор Николай Василевский ба ҳарфу қоғази хуб  чоп шудааст (аз нуқтаи назари таърих  ва осори антиқа дувумбора табъаш лозим аст).

 

МИРСАЙИДҒОЗӢ НОЛАИ ХӮҚАНДӢ

Аз шуарои аҳди Умархон  ва писари ӯ- Муҳаммад Алихон, вафот- 1260 ҳиҷрӣ. Аз (“Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Вазни ин ғазал ҳар мисраъ мафоъилун-фаъалотун мафоъилун-фаъалотун аст.

Ба зулфи ӯ чу зи машшота гашт шона мураххас,

Ба нола шуд дили чокам, бад-ин баҳона мураххас.

Ба базми васли бутон як даме, ки шод нишастам,

Шудам ба ҳасрату андӯҳи ҷовидона мураххас.

Камони ноз ба зеҳ гар кашӣ, чи давлат аз ин беҳ,

Ба бӯси тири ту гардад маро нишона мураххас.

Хушам ба сози ту, мутриб, ки сабри ту ҳушу хирадро

Зи ҳукми ақл намудӣ ба як тарона мураххас.

Муоширон ҳама ҷамъанду масти бодаи ишрат,

Нишаста Нола ба кунҷе аз он миёна мураххас.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.