Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Қозӣ Сайидҷон-махдум Назмии Бухороӣ
Шаҳодат-1336. Аз тазкираи Садри Зиё ба тариқи интихоб.
Ҳаргиз фалак нагашт замоне ба коми мо,
Ё раб, кӣ меситонад аз ӯ интиқоми мо?
Умре ба ғам гузашту дареғо, нарехтанд,
Як қатраи зиёдаи ишрат ба ҷоми мо.
Он шӯхи нозпарвари мағрури ҳусни хеш,
Ҳаргиз надодааст ҷавоби саломи мо.
Ғайр аз ту маҳрами дигаре нест, эй сабо,
Бархезу бар ба хидмати он маҳ паёми мо.
**** **** ****
Он паричеҳра ба мо ҳеҷ вафо кард? Накард!
Тарки ҷавру ситаму кину ҷафо кард? Накард!
Як сухан баҳри савоб он маҳи ман гуфт? Нагуфт!
Гӯш бар нолаам аз баҳри Худо кард? Накард!
(Аз тазкираи Афзал)
РУБОӢ
Рухсори ту гул бошаду сунбул мӯят,
Лаъли ту бувад лаълу қаранфул хӯят.
Ҳаргиз накунанд ёди гул андар гулшан,
Як бор агар расад ба булбул бӯят.
ФАРД
Назмӣ шаҳиди ишқи як лоларӯ шуда,
То ҳашр лолазор бувад саҳни турбаташ.
Қозӣ Сайидҷон дар авоил “Сидқӣ” тахаллус мекард, билохира “Назмӣ” қарор дод. Мумоилайҳи ба ҷавонбухориён қавӣ алоқа дошт. Бинобар ин, ба муносибати аксулҳаракати 1917, моҳи апрел, аз қазои тумани Вобканд маъзул гардида, дар Бухоро хонанишин шуд.
Баъд аз воқеаи Колисов дар моҳи июни 1918 ҳамроҳи қозӣ Абдуссамадхоҷа аз Бухоро мағлулан ба Балҷувон ронда шуд. Баъд аз қурби шаш моҳи ба зиндони Балҷувон маҳбус мондан дар аввалҳои моҳи ноябри 1918 дар он ҷо кушта шуда, ба сафи удабову фузалои мазлумине, ки дар ин воқеа бераҳмона кушта шудаанд, дохил гардид.
МУҲАММАДСОЛЕҲ НАВҲАИ БУХОРОӢ
То инқилоби феврал барҳаёт буд, ҳоло аз ҳаёту мамоташ хабаре нест. Аз тазкираи Афзал.
Моҳи бемеҳри ман, ин гуна ситамгар чароӣ?
Чи ба солу маҳу дар ҳафта, ки дар қарн наёӣ!
Чашми гетӣ санами сангдиле чун ту надида
Гарчи аз маҳваши чинисту аз турки хитоӣ.
Садқаи орази хуршеди дурахшони ту гардам,
То ба кай меҳрсифат шаб равию рӯз биёӣ!
Ба фироқи хату холи туву чашмони сиёҳат
Дили мотамзада умрест сияҳпӯшу азоӣ.
Навҳа умре ба балову ғаму ранҷат ба кашокаш,
Худат инсоф кун, эй хусрави хубон чӣ балоӣ?!
(Вазни ин ғазал ҳар мисраъ- фаъалотун чор бор)
**** **** ****
То аз хати рухи ту чашмам зиё гирифта,
Тафсири сураи “Нур” сартобапо гирифта.
Гар хатти анбаринат дил бурда аз бари ман,
В-он холи дилнишинат ҷонро чаро гирифта?
Донӣ, ки чист мижгон бар гирди наргиси ту?
Бар куштаи ғами хеш чашмат асо гирифта.
Хуш он замон, ки будам маст аз пайи висолат,
Ҷамшеду ҷоми вайро як пайса ногирифта.
Гаштӣ ҷудо зи чашмам, дигар ҷаҳон надидам,
Гӯё ба худ бибурдӣ, чашми маро гирифта.
Эй ганҷи ҳусн, то кай чун Навҳа сӯзам аз ғам,
Дар оташи ҷудоӣ кунҷи хало гирифта?
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.