Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Сайид  Маҳмудхоҷаи  Бухороӣ

namunai-adabiyotСайид  Маҳмудхоҷаи  Бухороӣ  ибни Муҳаммадаминхоҷа

(Таваллуд- 1296, аҷдоди мумоилайҳи  аз Дашти Наботи  Ҳисор аст)

Дар тазмин ва тасдиси:

Агар ҳоҷатраво халқанд, мурдан дар таманно беҳ,

Зи чини абруи ин нохудоён  мавҷи дарё беҳ.

Гӯяд (аз дастхати худаш):

1

Намудан ошён дар Қофи узлат ҳамчу анқо беҳ,

Фикандан рахти ҳастии ҷаҳон  дар қаъри дарё беҳ,

Гусастан аз тааллуқҳои даврон чун Масеҳо беҳ,

Чу Юсуф зери чоҳ аз ихтилоти аҳли дунё беҳ

Агар ҳоҷатраво халқанд, мурдан дар таманно беҳ,

Зи чини абруи ин нохудоён  мавҷи дарё беҳ.

2

Ба сар аз тоҷ беҳ з-имдоди касон теғи ҷафо беҳтар,

Зи дирҳамҳо, ки з-аъвон мерасад, санги бало беҳтар,

Зи ганҷи беҳисоби нокасон ранҷу ано беҳтар,

Зи бори имтинони даҳр гирдоби фано беҳтар,

Агар ҳоҷатраво халқанд, мурдан дар таманно беҳ,

Зи чини абруи ин нохудоён  мавҷи дарё беҳ.

3

На фикри ҷоҳу мансаб, на димоғи карру фар дорам,

На завқи ҳашмату на орзуи тоҷи сар дорам,

На уммеди ионат з-ин хасони бесамар дорам,

На чашми мардумӣ з-ин мардумони бебасар дорам,

Агар ҳоҷатраво халқанд, мурдан дар таманно беҳ,

Зи чини абруи ин нохудоён  мавҷи дарё беҳ.

4

Ба худ вомонда аз ҷӯши таҳайюр ҳамчу тасвирам,

Зи абнои замони бемурувват сахт дилгирам,

Намуд азбаски хотирдории  ин нокасон пирам,

Ба дашти ноумедӣ беҳ, ки аз беҳосилӣ мирам,

Агар ҳоҷатраво халқанд, мурдан дар таманно беҳ,

Зи чини абруи ин нохудоён  мавҷи дарё беҳ.

Ин мусаддас дароз буд, ба ҳамин қадар қаноат ҳосил шуд.

Мунирхон Муинзодаи Хуҷандӣ

(Аз муаллимони он ҷост. Таваллуд-  1320 ҳиҷрӣ). Аз дастхати худаш:

Зи ҷонбахшӣ агарчӣ лаъли майгунат сухан дорад,

Ду фаттонат ба мижгон гуфтугӯ аз қатли ман дорад.

Ба даври шамси рухсори ту шоми зулф мебинам,

Аҷаб ҳолест, шамсу шом дар як ҷо ватан дорад.

Агарчӣ монда дар Канъони  ҳиҷрон  дур аз Юсуф,

Бубин,  Яъқуб лаззатҳо зи бӯи пираҳан дорад.

Ба ҳар сӯ сад ҳазорон волаи ҳуснат Муниросо

Зи дарди ҳиҷр гуфтугӯй  дар ҳар анҷуман дорад. 

Хоҷа Шоҳниёзи Кашмирӣ

(Вафот- дар Кобул, 1242, аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Рубоӣ

Эй сабза, ба кӯҳсор меоӣ боз,

В-эй лола, ба марғзор меоӣ боз,

Моем, чу рафтем, наоем дигар,

Эй мавсими навбаҳор,  меоӣ боз.

Мумоилайҳӣ чанде дар Самарқанду Бухоро ба хонақоҳи  даҳбедиён муриду муътакиф  будааст.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.