Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ. Фазлии  Намангонӣ

Намунаи адабиёти тоҷик(Аз шуарои дарбори Умархон  аст ва дар миёнаҳои асри 13 ҳиҷрӣ  зиндагонӣ кардааст.)

(Аз “Туҳфат –ул-аҳбоб”)

То ниҳон шуд он ба рух чун офтоб аз чашми ман,

Рехт анҷумҳои ашки беҳисоб аз чашми ман.

Риштаи тори назар банди ниқоби ҳусни ӯст,

Он ҷамоли бенишон дорад ҳиҷоб аз чашми ман.

Наргиси ҷодуи ӯ то ҳамнишини сурма шуд,

Рӯзи ман гардид чу шаб, рафт хоб аз чашми ман.

Ҷилваат ҳар ҷо, ки рахши нозро ҷавлон диҳад,

Ғамзаро фармо, ки то созад рикоб  аз чашми ман.

Бе ҷамоли ёр агар ин аст, Фазлӣ, кулбаам,

Хонаи мардум шавад яксар хароб аз чашми ман.

Фазлӣ  тазкирот-уш-шуарое ба зикри шуарои дарбори Умархон таълиф намуда, дар он  китоб ашъори туркиву  форсии эшонро  дарҷ кардааст.

            ҚОРӢ АБДУРРОЗИҚ  ФИКРАТИ  БУХОРОӢ

(Вафот- 1311)

            (Аз тазкираи Афзал)

Гуфтам, ки  дурӣ ё гуҳарӣ? Гуфт, ки ҳарду!

Хуршеди  фалак ё қамарӣ?  Гуфт, ки ҳарду!

Гуфтам:  лаби нӯшини ту шӯре ба дил ангехт,

Кони намакӣ ё шакарӣ?  Гуфт, ки ҳарду!

Гуфтам, ки бад- ин ҳусну малоҳат, ки ту дорӣ,

Боре, малакӣ ё башарӣ?  Гуфт, ки ҳарду!

Гуфтам:  дили ушшоқ  кашад  сӯи ту ё худ

Бо ишваи ширин бубарӣ?  Гуфт, ки ҳарду!

Гуфтам, ки  ба воқеъ набувад ҳамчу ту хубе,

Ё худ  ту ба хубӣ  самарӣ?  Гуфт, ки ҳарду!

Вазни ин ғазал  ҳар мисраъ фаъулун/  фаъулун/  фаъулун/  фаъулун:

Ду чашми ман аз ашк дар гил нишинад,

Даме гар  ба рӯят муқобил нишинад.

Худоро,  нахоҳам, ки ҷоно, зи ғайрат,

Ки ғайрат ба хилватгаҳи дил нишинад.

Дар оғӯши худ танг гирам чунонат,

Ки дар сина захми ҳамоил нишинад.

Чу дар хилвати хеш бораш надодӣ,

Гузор ин, ки бар дар чу соил нишинад

Ба Фикрат бувад кӯҳи ҷон кандан осон,

Ки бе ту чун шириншамоил нишинад.

Қорӣ Абдуррозиқ дар аввалҳо  ба “Соқиб” тахаллус карда, ба охир “Фикрат”қарор  кардааст.

              Мирзо Абдуллоҳ Файёзи Самарқандӣ

(Ватани аслиаш Хуҷанд  ва таваллудаш  1270  ҳиҷрист)

Аз дафтари худаш  нақл ёфт.

Мухаммас бар ғазали Ҳофиз

Ба тариқи интихоб навишта мешавад:

1

Хатат чу сабзаи навхези мавсими ҳамал аст,

Лабат  ба ташналабон ҳамчу  шарбати асал аст,

Биё, ки сабза дамиду маҳал ҳамин маҳал аст,

Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст,

Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст.

2

Сафар ба пешу маро хоби нозоҳанг аст,

Раҳе дарозу гарон бору маркабам ланг аст,

Туро агар хираду ақлу ройу  фарҳанг аст,

Ҷарида рав, ки гузаргоҳи оқибат танг аст,

Пиёла гир, ки умри азиз  бебадал аст.

3

Шарофате, ки  ба илм аст, гар бидонад кас,

Намекунад ба ҷаҳон ғайри илм ҳеҷ ҳавас,

Ту олими  баамал шав, ба ғаври нукта бирас,

На ман зи беамалӣ  дар ҷаҳон малуламу бас,

Маломати уламо ҳам зи илми беамал аст.

4

Касе намонд ба олам, к-аз ӯ  нахӯрдам чӯб,

Раҳе намонд, ки мижгони ман нашуд ҷорӯб,

Дар ин замона чу ман ҳеҷ кас нашуд саркӯб,

Ба чашми ақл нигар  бар ҷаҳони пурошӯб,

Ҷаҳону кори ҷаҳон бесуботу бемаҳал аст.

5

Чу  аз  азал, ки шудам ман  зи зумраи риндон,

Маро  зи майкада, пири муғон, ба лутф марон,

Ки ин нидост ба гӯши дилам зи олами ҷон:

Бигир турраи маҳчеҳраву қисса махон,

Ки саъду наҳс зи таъсири  Зуҳраву Зуҳал аст.

Фард

Сад  машаққат дар ҷаҳон дар кори осон дидаам,

Оқилонро дар ҳар осон дар ҳаросон дидаам.

Файёз пири ҷаҳондидаву пурдон аст. Дар бораи сифлис  ва сабаби  пайдо шудани ӯ  ва роҳи муҳофизат аз ин балои хонмонсӯз  маснавие дорад. Алъон дар қайди ҳаёт ва ба пешаи соатсозӣ рӯзгору  умр  ба сар  мебарад.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.