Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ.  Гулхании Нимангонӣ

(Аз шуарои дарбори Умархон аст,аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)

Гӯиё аз парда акси рӯи ёр омад бурун,

Ашки шодӣ аз раҳи мижгон қатор омад бурун.

Тоири рӯҳам чу барги бод меларзад ба хеш,

Шаҳриёри ман магар баҳри шикор омад бурун.

Бишканад машшотаро дасте, ки бо он зулф бурд,

Пеш- пеши шона дил ҷои ғубор омад бурун.

Қиссаи Фарҳоду Ширин маҳв зери хок монд,

Тешаи моро садо аз кӯҳсор омад бурун.

Хомаамро, Гулханӣ, ғайр аз хамушӣ чора нест,

Дар фани шеър он фариди рӯзгор омад бурун.

            СОДИҚХОҶА ГУЛШАНИИ БУХОРОӢ

            (Вафот-1328 ҳиҷрӣ)

            (Аз тазкираи Садри Зиё)

Ба оташ афканад  лаъли лабат лаъли  Бадахшонро,

Қади сарви ту биншонад зи по сарви гулистонро.

Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,

Парешонхотирам, то дидам он зулфи парешонро.

Маҳи афлок ҳар шаб аз рухи моҳи ту мегардад,

Ба тоб афканда хуршеди рухат хуршеди тобонро.

Шавад мушки Хито ночиз  пеши зулфи мушкинат,

Кунад хомӯш шамъи оразат  шамъи шабистонро.

На танҳо Гулшанӣ аз ҳаҷрат, эй гул, доғ дар гулшан,

Ба ранги лола аз ишқи ту дидам лоларӯёнро.

*****    ******    *****

Чун меҳр, биё, чодари заррин ба сар андоз,

Биншину сарандоз зи сар гиру сар андоз!

Бинмо чу рухи меҳру фикан  ғулғула дар шаҳр,

Сад машъалаи нур ба девору дар андоз!

Лабро бирасон бар лаби он ҷоми лаболаб,

Ҷои газак аз нуқли лабонат шакар андоз.

Дар саҳни чаман  гашта чаманнӯши чамона,

Шамшоду гули боғ зи худ бехабар андоз.

Бедор ту то чанд, ҷафоҳои ту то кай?

Эй хоназибунёдкану  хонабарандоз!

Гар шуд талаф аз ҳаҷри ту сад Гулшанӣ имрӯз,

Ғамгин машав асло, ба қазову қадар андоз!

 Содиқхоҷаи Гулшанӣ аз ҳисобу ҷуғрофиё хабардор буд, мамлакати Бухороро сартосар масоҳат карда, ба забони форсӣ ҷуғрофиёи муфассале навишта буд. Мусаввади ин китобро баъд аз вафоти Гулшанӣ аз ворисонаш Насруллоҳ- кӯшбегӣ  гирифт. Ҳамоно дар соли 1918  талаф шудааст, ки ҳоло дар миён нест.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.