Аз «Наврўзнома»-и Умари Хайёми Нишопурӣ (Оғози китоб). Охираш

Умари ХайёмПас Каюмарс ин муддатро ба-д-ин гуна ба дуво(н)здаҳ бахш кард ва ибтидои таърих падид кард ва пас аз он чиҳил сол бизист. Чун аз дунё бирафт, Хушанг ба ҷо ў нишаст ва нўҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ ронд, девонро қаҳр кард ва оҳангарию дуредгарӣ ва бофардагӣ пеша овард ва ангубин аз занбўр ва абрешим аз пилла берун овард ва ҷаҳон ба хуррамӣ бигузашт ва ба номи нек аз ҷаҳон берун шуд. Ва аз паси ў Таҳмурас бинишаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард ва девонро бар тоат овард, бозорҳову кўчаҳо биниҳод ва абрешиму порча бофт. Ва раҳбон Бузусап (Бузосиф дар мутуни таърихӣ) дар айёми ў беру номад ва дини собиён овард ва ў дин бипазируфту зуннор барбаст ва Офтобро парастид, мардумонро дабирӣ омўхт ва ўро Таҳмураси Девбанд хондандӣ.

Ва пас аз ў подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашта буд ва Офтоб аввали рўз ба фарвардин таҳвил кард ва ба бурҷи нўҳум омад. Чун аз малик Ҷамшед ҷаҳорсаду бисту як сол бигузашт ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба фарвардини хеш ба аввали ҳамал бозомад ва ҷаҳон бар вай рост гашт, девонро мутеи хеш гардонид, бифармуд то гармоба сохтанд ва деборо бибофтанд ва деборо пеш аз мо «девбофт хондандӣ, аммо одамиён ба ақлу таҷриба ва рўзгор бад-ин ҷо расониданд, ки мебинӣ. Ва дигар, харро бар асп афканд, то астар падид овард. Ва ҷавоҳир аз маодин берун овард ва силоҳҳою пирояҳо ҳама ў сохт ва зару нуқраву мис ва арзизу сурб аз конҳо берун овард ва тахту тоҷ ёраву тавқу ангуштарӣ ў кард ва мушку анбару кофур заъфаро ва уду дигар таййибҳо ў ба даст овард.

Пас дар ин рўз, ки ёд кардем ҷашн сохт ва «Наврўз»-аш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардини нав шавад, он рўз ҷашн кунанд ва он рўзи нав донанд то он гоҳ ки давр бузург бошад, ки Наврўз ҳақиқат бувад.

Ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одилу худотарс буд ва ҷаҳониён ўро дўстдор буданд ва бад-ў хуррам. Ва Эзид таоло ўро фарре ва ақле дода буд, ки чандин чизҳо биниҳод ва ҷаҳониёнро ба зару гавҳару дебо ва атрҳою чаҳорпоён биёрост. Чун аз маликии ў чаҳорсаду анд сол бигузашт, дев бад-ў роҳ ёфт ва дунё бар дили ширин гардонид – ва дунё бар дили касе ширин мабод! – манӣ бар хештан овард, бузургманишӣ ва бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз ў ба ранҷ афтоданд ва шабу рўз аз Эзиди таоло заволи мулки ў мехостанд, он фарри эзидӣ аз ў бирафт. Тадбирҳояш ҳама хато омад. Беваросп, ки ўро Заҳҳок хонанд, аз гўшае дар омаду ўро битохт ва мардумон ўро ёрӣ надоданд, аз он ки аз ў ранҷида буданд, ба замини Ҳиндустон гурехт. Беваросп ба подшоҳӣ биншаст ва оқибат ўро ба даст овард ва пора аз ду ним кард ва Беваросп ҳазор сол подшоҳӣ кард. Ба аввал додгар буд ва ба охир бедод гашт ҳам ба гуфтор ва ҳам ба кирдор. Афридун аз Ҳиндустон биомад ва ўро бикушту ба подшоҳӣ бинишаст. Ва Афридун аз тухми Ҷамшед буд, панҷсад сол подшоҳӣ кард.

АЗ «НАВРЎЗНОМА»-И УМАРИ ХАЙЁМИ НИШОПУРӢ (ОҒОЗИ КИТОБ)

Чун садушасту чаҳор сол аз мулки Фаридун бигузашт, даври дуюм аз таърихи Каюмарс тамом шуд ва ў дини Иброҳим, алайҳи-с-салом, пазируфта буд ва пилу шеру юзро мутеъ гардонид ва хаймаву айвон ў сохт ва тухму дарахтони мевадор ва ниҳолу обҳои равон дар иморату боғҳо ў овард, чун туранҷу норанҷ ва бодарангу лиму ва гулу бунафшу наргису нилуфар ва монанди ин дар бўстон овард ва Меҳргон ҳам ў ниҳод. Ва ҳамон рўз, ки Заҳҳокро бигирифта ва мулк бар вай гашт, ҷашни Сада биниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру Заҳҳок бираста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рўзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол аз ҷиҳати фоли нек он рўзро ҷашн карданӣ ва ҳар сол то ба имрўз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Турон ба ҷой меоранд.

Чун Офтоб ба фарвардини хеш расид, он рўз Афридун ба нав ҷашн кард ва аз ҳамаи ҷаҳон мардум гирд овард ва аҳднома набишт ва гумоштагонро дод фармуд ва мулк бар писарон қисмат кард. Туркистон аз оби Ҷайҳун бо Чину Мочин Турро дод ва замини Рум мар-Салмро ва замини Эрону тахти хешро ба Эраҷ  дод. Ва маликони Турку Руму Аҷам ҳам аз як ҷавҳаранд ва хешони якдигаранд ва ҳама фарзандони Афридунанд. Ва ҷаҳониёнро воҷиб аст ойини подшохон ба ҷой оваранд аз баҳри он ки аз тухми вайанд. Ва чун рўзгори ў бигузашт ва он дигар подшоҳон, ки баъд аз ў буданд ба рўзгори Гуштосп, чун аз подшоҳии Гуштосп сӣ сол бигузашт, Зардушт берун омад ва дини кубро овард ва Гуштосп дини ў бипазируфт ва бар он мерафт.

Ва аз гоҳи ҷашни Афридун то ин вақт нўҳсаду чиҳил сол гузашта буд ва Офтоб навбати хеш ба Ақраб овард. Гуштосп бифармуд, то кабиса карданд ва фарвардини он рўз Офтоб ба аввали Саратон гирифт ва ҷашн кард ва гуфт: «Ин рўзҳоро нигоҳ доред, ки Саратон толеи амал аст ва мар-деҳқононро ва кишоварзонр бад-ин вақт ҳаққи байтулмол додан осон бувад». Ва бифармуд ҳар саду бист сол кабиса кунанд, то солҳо бар ҷои хеш бимонад ва мардумон авқоти хеш ба гармову сармо бидонанд.

Пас он ойин то рўзгори Искандари Румӣ, ки ўро «Зулқарнайн» хонанд, бимонд ва то он вақт кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то ба рўзгори Ардашери Бобакон, ки ў кабиса кард кард ва (ин) ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинавишт (ва) он рўз (ро Наврўз) бихонанд ва ҳам бар он ойин мерафтанд то ба рўзгори Нўшинравони Одил. Чун айвони Мадоин тамом гашт, Наврўз кард ва расми ҷашн ба ҷой овард, чунонки ойини эшон буд. Аммо кабиса накарду гуфт: «Ин ойин ба ҷой монанд, то ба сари давр, ки Офтоб ба Саратон ояд, то он ишора (ки) Каюмарс ва Ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард то ба рўзгори Маъмуни халифа. Ў фармуд то расад бикарданд ва ҳар соле, ки Офтоб ба Ҳамал омад Наврўз фармуд кардан ва «Зичи маъмунӣ» бархост ва ҳанўз аз он тақвим мекунанд то ба рўзгори ал-Мутаваккил биллоҳ.

Мутаваккил вазире дошт ў Муҳаммад ибни Абдулмалик. Ўро гуфт: «Ифтитоҳи хироҷ дар вақте мебошад, ки мол дар он вақт аз ғалла дур бошад ва мардумонро ранҷ мерасад ва оини мулуки Аҷам чунон будааст, ки кабиса карданд, то сол ба ҷои хеш бозояд ва мардумонро ба мол гузоридан ранҷ камтар расад чун дасташон ба иртифоъ расад». Мутаваккил иҷобат кард ва кабиса фармуд ва Офтобро аз Саратон ба фарвардин бозоварданд ва мардумон дар роҳат афтоданд ва он оин бимонд. Ва пас аз он Халаф ибни Аҳмад – амири Сиистон кабисаи дигар бикард, ки акнун шонздаҳ тафовут аз он ҷо кардааст. Ва султон Муинуддин Маликшоҳро, анору-л-Лоҳу бурҳонаҳу, аз ин ҳол маълум карданд, бифармуд, то кабиса кунанд ва сол ба ҷойгоҳи хеш бозоранд. Ҳукамои аср аз Хуросон биёварданд ва ҳар олате, ки расадро ба кор ояд, бисохтанд, аз дивору зотулхалқ ва монанди ин ва Наврўзро ба фарвардин бурданд, валекин подшоҳро замона замон надод ва кабиса тамом накарда бимонд.

Ин аст хақиқати Наврўз ва он чи аз китобҳои мутақаддимон ёфтем ва аз гуфтори доноён шунидаем…

МАНБАЪ: Маҳмадқул Ҳазратқулов: “Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол”.Душанбе, 2012.

Таҳияи Саломат Яқубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.