Аз « Панднома»-и тиббии Луқмони Ҳаким

Луқмони Ҳаким«Бойигарии одам тани сиҳат аст».

(Ҳикмати халқ)

Агар касе дарди шикам дошта бошад, бояд, ки  санҷидро ҷўшонад, то гўшт пўсти ў аз дона ҷудо шавад ва оби ўро низ бихўрад, аз дарди  халос шавад, аз таомҳои бодангез ва аз оби сард парҳез кунад, ҳафт рўз оби гарм бихўрад  шифо ёбад.

***

Аз барои сахтии шикам: санҷидро ҷўшонад, ки донаи ў аз пўст ҷудо шавад ва оби ўро бихўрад ва мағзи (тифли) ўро ба болои сахтии шикам барбандад, шифо ёбад.

***

Агар касеро таом дар меъда қарор нагирад, санҷидро бо набот биёмезад ва бихўрад, беҳ шавад ва чашмро равшан кунад ва димоғро қувват диҳад.

***

Агар касеро меъда ҷароҳат шуда бошад, мисли даруни дил, сўзиши дилу сипурз ва ҷигару рўда ва мисли силу сулфа ва аз ҷароҳати кулли дарунӣ халос шавад, баяд ки тухми мурғро ба об андохта, ҳамчунон  ҷўшонанд, ба адад чаҳорсад шуморида, аз даруни об гиранд, ба оби сард андозанд, дарҳол шикаста зардӣ ва сафедии ўро ҳамроҳ карда, нимпухта гармогарм фурў барад, се рўз ба наҳор ба ин тариқа амал кунад, аз иллати дарун ва берун халос шавад.

***

Назм:

Ҳар он кас, ки зи анҷир мехўрад бисёр,

Даруни синааш намонад зи балғам осор.

Даруни шир чун анҷирро биҷўшонӣ,

Бихўр аз он, ки худ сулфаро чу биншонӣ.

***

Хўрдани анҷир бисёр фоида дорад.

***

Агар хоҳӣ, ки қуввати ту зиёда шавад ва рутубат аз бадани ту дур шавад, аз имсол то соли дигар тамоми аъзои ту аз иллат ва рутубат сиҳатӣ ёбад, ҳеҷ давое ба миқдори сир нофеъ нест.

***

Агар сирро об карда ба шири гов ба сабўсаи сар бимоланд, сабусаро дафъ кунад ва мўйро дароз кунад.

***

Дафъи сабўсаи сар:  ҳанзалро (харбузаи ёбоӣ, сагак) маъӣ (бо) заҳраи гов хилт (омехта)карда, нахўдоб ва сирко дар вай кунанд ва бар сар моланд, сабўса, хориш ва ҷунбандагон ҳамаро дафъ кунад.

***

Агар касеро бехи дандон суст шуда башад, гули анорро кўфта ва бехта дандон пахш карда хоб кунад, дафъ шавад.

***

Филфилро (мурч) кўфта ҳар сабоҳ дар наҳор бихўрад, балғамро дафъ кунад.

***

Агар касе ду мисқол шакар бо ҳалилаи зангӣ (сиёҳ)  ё заъфарон бихўрад, бодҳои мухталифро дафъ кунад.

***

Испурчи гўсфандро мурчи сиёҳ пошида дар наҳор бихўрад, дарунаш биистад ва шифо ёбад.

***

Барои печиши шикам ва аз барои кулли дарди дарун: тухми турбро кўфта ва бехта бо ҳамроҳии асал бихўрад, аз печиши шикам халос шавад ва ҳам суддаро ва ҳам сулфаро дур кунаду балғамро дафъ кунад ва аз бисёр хўрдан хориши бадан пайдо кунад ва ҳеҷ дору беҳтар аз ин муфид аст.

***

Оби кашниз ба дарди сари сафровӣ (зардча) фоида дорад.

***

     Назм:

 Зи тухми зардак агар ду сабоҳ як мисқол

  Ҳамехўрӣ, равад омос аз шикам филҳол.

***

Агар касе турбро бо намак бихўред, балғамро бибарад ва оби даҳонро таскин диҳад.

***

Қуввати меъда: ҳар кӣ ба ношто турб хўрда, балғамро бибарад ва меъдаро қувват диҳад.

***

Дафъи санги масона (шошадон) ва сўзок: агар чанд рўз тухми турб бихўрад, шифо ёбад.

***

Дафъи хоб: мурчи сиёҳ ва намак ва зардчўба ҳар серо баробар кўфта ва пухта чанд рўз мутавотар (паёпай) бихўрад, ҳаргиз хоб наёяд.

Дар илоҷи бўи даҳон:  хардал (испандон) ва филфил вазни ҳар кадом баробар бар рўи забон гиранд то чанд маротиба, беҳ шавад. Агар бадбўии даҳон аз бод ё меъда бошад, лодаво гуфтаанд.

***

Илоҷи дарди меъда: агар аз сардӣ бошад, оруғи турш ояд ва агар аз гармӣ бошад, таом зуд ҳазм нашавад, об бисёр хўрад ва дилаш тапидан гирад, бояд, ки давои сардӣ хўрад. Барои сардии меъда: оқирқара, филфил бо ангубин се ҳафта хўрад, шифо ёбад.

***

Давои баста шудани овоз: тухми турбро кўфта бо оби гарм силоба карда ғарғара кунад, овози баста гардида кушода гардад.

Навъи дигари гирифтани овоз аз гармӣ ва хушкӣ бувад. Аломаташ: ба оби бисёр майл ва хушкии даҳону дуруштии забон аст. Илоҷи ў ҷузве аз набот ва як ҷузъе маскаи гов ҳар дуро бо якдигар ҳамроҳ карда ба ношто бихўрад, аз баста шудани овоз халоси ёбад.

***

Гули сурх, набот, мағзи бодом ва кашнизро майда ҳаб кунад ва бихўрад, сулфа дафъ шавад.

***

Ҳар кӣ испанддонаро об кашида се рўз ба наҳор бихўрад, шаш ҷиҳатро нафъ расонад: аввал: зиқи нафас; дувум: сулфа, севум: дарди сар, чаҳорум: рутубати бадан, панҷум: балғам; шашум: дарди гўш, ҳамаи инҳоро нофеъ аст.

***

Ҳар кӣ рўзона як мисқол испанддонаро ба наҳорӣ бихўрад, кушояд аз даруни вай ҷисмҳои ҳикмат ва улум, ки сироят ба забон кунад ва аз ҳафтод илал маҳфуз монад.

***

Манбаъ: “Кимиёи хирад”. Душанбе, “Маориф ва фарҳанг”, соли 2009.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Дилафрузи Ҳабибулло,
мутахассиси шуъбаи Абонементи байни
китобхонавӣ  ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.