Аз пандномаҳои донишманди маъруф Зафар Мирзоён. Фарҳанги гиромидошти об
Дар забони тоҷикӣ ду вожаи ба ҳам зидду нақизи вобаста ба об мавҷуд аст, ки дар солҳои ахир фаровон истифода намешаванд. Яке «варзоб», ки бо ном бурдани музофоти Варзоб ба кор бурда мешавад ва дигаре вожаи «мурдоб». Варзоб, яъне оби ҷорӣ, обе, ки дар бистари кўҳӣ вазидаву шўрида сарозер мешавад. Агар дар атрофи вожаи тоҷикии «мурдоб» андешаронӣ кунем, беихтиёр суоле назди худ хоҳем гузошт, ки «магар об метавонад зинда ё мурда бошад?».
**** **** ***
Мо дар боло ёдовар шудем,ки яке аз нишонаҳои аз даст додани маниши ориёӣ, дар зимн бохтани фарҳанги шаҳрнишиниву деҳнишинӣ, эҳтиром надоштан ба об, ба ростӣ ҳам сарчашмаи ҳаёт мебошад. Тоҷикони мо ҳанўз аз бостон, аз замони боварҳои пеш аз зардўштӣ барои гиромидошти обҳои пок ояҳову дуоҳо офарида, фариштаи обҳои покро ба номи Аноҳито-Ноҳид, ё Ардва Сури Аноҳид мепарастиданд. Гузаштагони мо дар обҳои равон ҳатто тан намешустанд, зеро андеша доштанд, ки дар поёноб касе обро истифода мекунад. Дар бостон барои шустушўи тану либос обро аз рўдҳову чашмаҳо берун меоварданд. Нишонҳо аз ойини табаруку гиромидошти об, ҳоло низ дар миёни тоҷикон ривоҷ дорад. Чунончи мардуми мо рўӣи по истода об хўрданро нодуруст дониста, нишаста об нўшиданро савоб мегуморанд ва пас аз обнўшӣ бо ба забон овардани ибораи «Худоро шукр», ба офаридгор сипос мефиристанд. Ва ё аз паси наздикони ба роҳҳои дур рахти сафар баста, бо дуогўи пиромуни сиҳату баофият баргаштан аз косаи пуроб оби соф мепошанд.
Дар забони тоҷикӣ ду вожаи ба ҳам зидду нақизи вобаста ба об мавҷуд аст, ки дар солҳои ахир фаровон истифода намешаванд. Яке «варзоб», ки бо ном бурдани музофоти Варзоб ба кор бурда мешавад ва дигаре вожаи «мурдоб». Варзоб, яъне оби ҷорӣ, обе, ки дар бистари кўҳӣ вазидаву шўрида сарозер мешавад. Агар дар атрофи вожаи тоҷикии «мурдоб» андешаронӣ кунем, беихтиёр суоле назди худ хоҳем гузошт, ки «магар об метавонад зинда ё мурда бошад?».
Ниёкони андешаманди мо вожаи « мурдоб»-ро инъикосскунандаи мафҳуми обҳои беҳаракат донистаанд, ки онҳо барои истеъмол номатбуъ мебошанд. Дар сабзаҳои ин гуна толобҳо маъмулан пашшаҳои вараҷа (малериё) ҷой мегиранд ва онҳо боиси паҳншавии бемории вараҷа мегарданд. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки чунин толобҳо ё мурдобҳо бояд хушк карда шаванд.
Мо дар шаҳру ноҳияҳоямон бисёр мушоҳида кардаем, ки бо айби баъзе аз шаҳрвандони бефаросат (маҷбур мешавем дар он ҷо вожаи « бефаросат»-ро истифода кунем), об аз ҷумакҳо беҳуда ҷорӣ шуда, дар таҳхона, ё ҳавлӣ ҷамъ мешавад ва ин мурдоби бо дасти шахси бепарво ба амал омада, сарчашмаи бемориҳои сироятии вараҷа (табларза), домана, дизентерия ва ғайра мегардад. Мову шумо шоҳиди бисёр ҳолатҳое мебошем, ки ҷуйҳои оби аз ҳавлии чандин шаҳрвандон ҷорӣ гашта, аз тарафи ҳамсояҳои дар болотар қарор гирифта, олудаву касиф мешаванд, яъне собуноба, мағзоба, оби оғилхонаву ҳаммом ҷорӣ шуда, боиси паҳншавии бемориҳои вогир (инфексияҳо) мегардад.Шахси эҷодкунандаи ин нопокиҳо (шахси дар болооб хона дошта) хабар надорад, ки аз ин амали зишт хонаводаи ў на танҳо ҳамсояҳояш, балки хонадони худаш низ гирифтор хоҳад гашт. Тасаввур кунед, агар оби оғилхона ва ягон нопокии дигар бо ҷўйбор аз ҳавлие гузараду тифлони ҳамсоя, масалан зарфро дар он об тар карда, барои хўрокхўрӣ истифода намуда бошанд ва дар асари он нопокӣ ба бемории зардпарвин, домана ё бемории дигари сироятӣ гирифтор шуда бошанд, он шахс набояд фаромўш кунад, ки ҳини якҷоя будан (ҳангоми бозӣ, таҳсил дар мактаб) бемории тифли ҳамсоя ба кўдакҳои он шахс бепарво сироят намуда, онҳоро низ сарчашмаи ин бемориҳо месозанд.
Чунин воқеаҳо дар шаҳру деҳоти мо солҳои пешин ниҳоят зиёд ҷой доштанд ва ҳоло низ бо айби одамони бепарвои дар боло зикр шуда баъзан умри ашхоси бегуноҳу ҷавон зоеъ мегардад. Ногуфа нагузарем, ки дар пешгирии чунин рафтору кирдори ношоиста табиати хотирбинии содалавҳонаи мо тоҷикон монеъ мешавад. Яъне ҳамсояро малол накунем гуфта, айбашро дар рўяш намегўем ва дар натиҷа қиматтарин тўҳфаи Худо, тандурустии фарзандони худ ва ҳам фарзандони ҳамсояро аз даст медиҳем. Хамин бепарвоии содалавҳона аст, ки ҳар як шахси чоруми хонадони ҳамшаҳриёнамон ё дар тифлӣ ва ё дар ҷавонӣ ягон бемории сироятие, мисли исҳоли хун, зардпарвин, домана, вараҷа,сил ва ғайраро гузаронидааст.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Ниёиши некону покон”, таҳияи сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Ойҷонгул Давронова.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи милли мутолиа кунанд.