Аз Президент бихонем: “Забони миллат – ҳастии миллат”. Китоби II
Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.
Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.
Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардем. Дар баробари ин як қатор санадҳо қабул карда, барои пешрафти он барномаҳои давлатиро роҳандозӣ намудем ва ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҳамасола Рӯзи забонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавиро дар ин айём баргузор мекунем.
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам.
Ин чанд ҷумла аз “Сарсухан”-и китоби дуюми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” иқтибос шуд. Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.