Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мирзо Закӣ
“Надим “- тахаллуси ӯст. Асли вай Исфаҳонист. Дар замони Хоқони моликриқоб дар мусоҳибати умаро ба сар мебурда. Баъд аз муҳосира ба Наҷафи ашрафу атаботи олиёт мушарраф шуда, маснавӣ мавсум ба “Дурри Наҷаф” дар силки назм кашида, баъд аз он боз ба Исфаҳон омада, дар либоси фуқаро мегузаронид, то он ки шаҳри мазбур аз тасарруфи афғон баромада,роёти Қаҳрамони Эрон ба он шаҳр нузул намуд.
Ба хидмати он мазҳари сунъи Кирдгор расида, чун дар надомат беназир буд, суҳбаташ бо он сипаҳдори аср дар гирифта, аз махсусони ҳузур гардид. То сездаҳ сол мулозими рикоби он подшоҳи зафарпаноҳ буд. Дар санаи 1154 / 1741-42 аз мулозимати он шаҳрёр мураххас гардида, дар Наҷафи ашраф сукунат намуду то ҳол дар он арзи муқаддас муҷовир аст.
Дар хидмати Қаҳрамони Эрон камоли тақарруб дошт ва аксар ба кори халқу – л- Лоҳ меомад. Фӣ мобайни роқими ҳуруфу эшон камоли рабту дўстӣ будаву ҳаст. Синни эшон аз ҳафтод тоҷовуз намудааст. Девони ғазал тартиб дода, лекин дар ашъориаш маззае, ки бояд, ёфт намешавад.
Ин чанд байт аз мунтахаботи ғазалиёти ўст;
Рақиб аз васл меболад, Надим аз ҳаҷр менолад.
Якеро гул, якеро хор дар пироҳан аст имрўз.
Аз сўзи дил маҷоли сухан ку, ки матлабам
Табхолавор бар лаби изҳор мондааст?
Аз куҷо ,к – ин ҳама ошўби ҷаҳон кори ту нест,
Фитнаҳо зери сари наргиси бемори ту нест?
Аз ҳами гесуи мушкини ту бўе бигузашт,
Кард захми дили мо рўй ба беҳбуд абас.
Ба ранге соқӣ имшаб май ба ҷомам дер мерезад,
Ки пиндорӣ, шароб аз шишаи тасвир мерезад.
Ту қадри май намедонӣ, ба ранги лола метарсам,
Чу ҷом аз каф гузорӣ, қуввати тарёк бардорӣ.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.