Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мулло Ворисии Сабзворӣ

Бародари Комии Сабзворист. Ба Ҳиндустон омада, қадре монда, муроҷиат ба ватан намуду дар он ҷо ба мўзадўзӣ машғул шуд. Ашъори бисёр аз мутақаддимину мутааххирин дар хотир доштааст ва  худ ҳам шеър бисёр мегуфта, лекин матонате, ки бояд, дар афкораш нест. Тақии Авҳадӣ навишта, ки вайро дидаам.

 

 

Аз ашъори мутахоби ўст:

Дар дастам соғари майи ноб

Хун гашт зи  бахти  вожгунам,

Бим аст, ки оламе бисўзад,

З-ин шуъла, ки хост аз дарунам.

*****

Гар бо ман нест сари  ҷанг(?),

Аз чист бар абрувон –т ожанг?

Бар хок мефиканам, ки ҳастам,

Чун гавҳари қимате гаронсанг

******

Чӣ бедардона оҳе мекашӣ, эй Ворисӣ, ҳар дам?

Ту ошиқ нестӣ, беҳуда расво мекунӣ худро.

 

            Муҳаммадамин Ваҷдии Кирмонӣ

Ўрост:

Бечора дилам, ки дарди фурқат дорад,

Дар иқи бутон тоби машаққат дорад.

Аз ҳаҷр нашуд кабобу аз рашк насўхт,

Як қатраи хун ин ҳама тоқат дорад?!

 

                          

Мавлоно Ваҷдии Тафришӣ

 

Муддатҳо мулозими Акбаршоҳ буда.

Ўрост:

                                   Чу хўят хуни ман ғамнок резад

В- аз он қатрае бар хок резад.

Аз он хоку аз он хун ҳар чӣ рўяд,

Ба ту дарди  дили ман боз гўяд.

 

 

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси  шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.