Аз рубоиёти Гулназар, ки 56 сол пеш чоп шудааст

Гулназар КелдӣАз рубоиёти Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ, ки 56 сол пеш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст, намунае чанд интихоб кардем. Бо ҳам мехонем

РУБОИЁТ

Гар тори рубоб мешавам, боке нест,
Ҳар лаҳза ба тоб мешавам, боке нест.
Аз сўзи дилам агар даме об шавӣ,
Ҳамроҳи ту об мешавам боке нест.

Артист наям, ки бо сад оҳанг шавам,
Гаҳ хомии нангу гоҳ бенанг шавам,
Дар саҳнаи рўзгор имрўзу пагоҳ,
Гар одамиям, фақат ба як ранг шавм.

То дил надиҳӣ ба кас, ту одам нашавӣ,
Аз хеш бурун гаштаву олам нашавӣ.
Дар оташи ҳаҷр то насўзӣ як бор,
Бар захми касе ту ҳеҷ марҳам нашавӣ.

Рафтию ба ҷои ту дигар меояд.
Бозам шаби ҳаҷри ман ба сар меояд.
Он умри ҷавон, ки бо ту бигзашт чу бод,
Дигар зи куҷо ба Гулназар меояд?

Хайём, зи ҷоми ту даме нўш кунем,
Ҳар як сухани туро зи нав гўш кунем.
Ё сўзи башар ба синаҳо ҷой диҳем,
Ё дарди ҳама ҷаҳон фаромўш кунем.

Ман барф шавам, бозӣ кунам дар мўят,
Ман об шавам, ҷилва кунам дар рўят.
Аз тоби рухат хушк шавам, холл шавам,
Ҳамсоя шавам ба чашми ошиқҷўят.

Дунё гузарон аст, гузар бояд кард,
Дар рафтани умри худ назар бояд кард.
Ё сурмаи чшми мардумон бояд буд,
Ё хеш ба хоки раҳгузар бояд кард.

Чун халқаи дар ду дидаам дар роҳ аст,
Ҳар шарфаи пой баҳри ман дилхоҳ аст.
Ман дард куҷо ба пеши бедард куҷо барам?
Бо най бишнавам, ки аз дилам огоҳ аст.

Эй хома, куҷост мисли ту маҳрами ман?
Бешу ками ту мудом бешу ками ман.
Мардони асил зи ғам фитоданд басе,
Ту ҳам ғами хеш мекашӣ, ҳам ғами ман!

Ман чашмаи шўхи кўҳсорам, чӣ аҷаб?
Домони худ аз каф нагузорам, чӣ аҷаб?
Бо сангдилон ҳеҷ масозам ба масал,
Бишкастану рўфтан шиорам, чӣ аҷаб?

Он кас, ки зи мардумӣ даме дур нашуд,
Нўши ҳама гашту неши занбўр нашуд.
Бурданд зи Рўдакӣ ду чашму боре
Дар пасту баланди зиндагӣ кўр нашуд.

Мегуфт сабў ба шиоре:
– Ёри манӣ,
Чун ошиқи дилшуда гирифтори манӣ.
Мардум ҳама масти шеъри дилбози туанд,
Аммо ту мудом масти дидори манӣ.

Оне, ки зи сахтиҳо гурезон бошад,
Ҳайф аст, ки дар қатори инсон бошад.
Боре ба асои дасти кўрон бинигар,
Худ оҷизу лек чашми кўрон бошад.

Роҳи ту дигар нагзарад аз манзили ман,
Дигар нашавӣ фасонаи маҳфили ман.
Аз зилзилаи ҷудоӣ, к-афтод ба сар,
«Он ҷо дили ту харобу ин ҷо дили ман»

Модар ба умед дод ширам, ёрон,
То коми дили ҷавонӣ гирам, ёрон.
Бар лашкари марги кўр сар ҳам накунам,
Монанди дарахт рост мирам, ёрон! 

Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№2 

Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон
.