Аз рубоиёти Хоҷуи Кирмонӣ дар таҳияи Камол Айнӣ

Хоҷуи КирмонӣКамолуддин Абулато Маҳмуд бинни Алӣ, ки Хоҷу тахаллус карда, бо номи Хоҷуи Кирмонӣ машҳур аст, моҳи феврали соли 1281 дар шаҳри Кирмон таввалуд шуда, хеле барвақт ба шеъргӯӣ мепардозад. Ӯ ба бисёр шаҳрҳои мамлакат аз ҷумла, ба Язду Бағдод сафар карда оқибат дар Шероз рахти иқомат мегузинад ва то охири умр дар ин шаҳр ҳаёт ба сар мебарад.

Хоҷу аз худ девони комиле, ки қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, таркиббинаду мустазодро дар бар мегирад ва панҷ маснавӣ бо номҳои “Гул ва Наврӯз”, “Ҳумой ва Ҳумоюн”, “Равзат-ул-Анвор”, “Камолнома” ва “Гавҳарнома” боқӣ гузоштааст. Маснавиҳои панҷгонаи шоир бо номи “Хамса”-и Хоҷу низ машҳуранд.

Ашъори Хоҷу ҳанӯз дар замони зиндагиаш машҳур будааст. Ҳатто шоире чун Ҳофизи Шерозӣ худро шогирди ӯ медонад ва дар ин хусус мегӯяд:

Устоди ғазал Саъдӣ пеши ҳама кас, аммо

Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.

Хоҷу соли 1352 дар Шероз вафот кардааст. Марқади ӯ дар канори оби Рукнобод то имрӯз боқист.

Чун дилбари мо дил бирабуд аз бари мо,

На дил бари мо бимонаду на дилбари мо.

Хун аз дили реши мо ба танг омада буд,

Ӯ низ равон гашту бирафт аз сари мо.

****    *****    *****

Дил дар пайи он ёри писандида бирафт,

Ҷон бо дили пурхуни ҷафодида бирафт.

Ашкам, ки равон гашту зи чашмам бидавид,

То ман мижа барҳам задам, аз дида бирафт

****    *****    *****

Он к-ӯ ба шакархандаи ширин қанд аст,

Дар зулфи мусалсалаш дилам пайванд аст.

Холаш ки фитодааст ба гунаи чашм

Оҳуш магар нофаи мушк афгандаст?

****    *****    *****

Ба тарфи чаман гуле чу рӯят нашукуфт,

Ҷуз чашми ту кас маст ба меҳроб нухуфт.

Умри туву бе умр намешояд зист,

Ҷони туву тарки ҷон намебояд гуфт.

****    *****    *****

Дар зулфи ту ҳарчанд шикаст афтодааст,

Сад сайди беҳ аз манаш ба даст афтодааст.

З-он зулфи дароз даст кӯтаҳ накунам,

Чун риштаи давлатам ба даст афтодаст.

****    *****    *****

Боз ой, ки мавсими ҷавонӣ бигзашт,

Айёми нишоту комронӣ бигзашт.

Бигзаштию ҷони дардмандам мегуфт:

Ғофил маншин, ки зиндагонӣ бигзашт.

****    *****    *****

Мегуфт дуҳӯл дӯш ба ҳангоми саҳар,

К-овозаи ман ҷаҳон кунад зеру забар.

Чавгон бизадаш бар даҳану гуфт: “Хамӯш,

Барбаста дигар бошаду барраста дигар”.

****    *****    *****

Хун шуд ҷигарам зи дил, ки хун бод ин дил,

Пайваста чу бахти ман нагун бод ин дил.

Аз дасти дил аз парда бурун афтодам,

К-аз пардаи офият берун бод ин дил.

****    *****    *****

Дишаб санаме сарвқади шерозӣ,

Зулфаш ҳама дар банди камандандозӣ,

Бо турра шабе дароз бозӣ мекард,

Хуршед надидам, ки кунад шаббозӣ.

****    *****    *****

Он мӯймиён, ки то миён дорад мӯй,

Аз мардуми чашми ман ниҳон дорад рӯй.

Гуфтам “Сари зулфи ту пароканда чарост?”

Гуфто, ки суханҳои пароканда магӯй.

Ба чоп тайёркунанда Камол Айнӣ

“САДОИ ШАРҚ”соли 1968 №6.

Мавҷуда Абдуллоева, муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ омода кард.